Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) 17-уми ноябр иҷозатномаи ворид намудани Интернетро расман тақдим намуд.
Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки ин ду ширкат рӯзҳои наздик ба ворид кардани интернет ба Тоҷикистон шурӯъ мекунанд.
“Ин иқдом барои кам намудани арзиш ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат мегузорад”, - гуфта мешавад дар хабарномаи хадамот.
Хадамоти алоқа гуфтааст, ки ин иқдом ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидати фаъол менамояд.
Инҳисори соҳа аз байн меравад?
Додани иҷозатнома ба ду ширкати хусусӣ барои ворид кардани интернет дар ҳолест, ки сар аз соли 2016 раванди инҳисори бозори алоқа дар Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ягонаи коммутатсионӣ, ки дар базаи “Тоҷиктелеком” таъсис дода шуд, оғоз гардид.
Соли 2018 ширкатҳои мобилӣ ва провайдерҳои интернетӣ уҳдадор шуданд, ки интернетро аз Маркази ягонаи коммутатсионӣ (“Тоҷиктелеком”) харидорӣ кунанд ва танҳо ширкати “Тоҷиктелеком”, ниҳоди тобеи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳақ пайдо кард, ки интернетро аз хориҷ харидорӣ ва ба онҳо фурӯшад.
Он замон ширкатҳои мобилӣ ва провайдерон ин тасмимро инҳисори воридоти интернет арзёбӣ карда, аз нархҳои баланди “Тоҷиктелеком” шикоят карда буданд. Онҳо ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Додситони кулли кишвар нома навишта буданд.
Қаблан ширкатҳои фароҳамсози интернет ва операторони мобилӣ мустақилона аз Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин яклухт ва мустақим интернетро бо нархи 10-20 ҳазор доллари ИМА барои 1 гигабит харидорӣ мекарданд.
Ҳоло Маркази ягонаи коммутатсионӣ бо такя ба сири тиҷоратӣ бо кадом нарх фурӯхтани интернетро ошкор намекунад. Вале соли 2019 ширкатҳои мобилӣ гуфта буданд, ки маҷбуранд, аз ин ширкат бо нархи 51 ҳазор доллар барои 1 гигабит бидуни андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) интернет харанд.
Коршиносон борҳо таъкид карданд, ки инҳисори бозори алоқа аз ҷониби ягона бозигар “Тоҷиктелеком”, ки тамоми манобеъи алтернативӣ (шлюзҳо ва суроғаҳои IP) бастааст, ба он оварда расонд, ки ширкат наметавонад интернети баландсифатро барои ҳама корбарон таъмин намояд.
“Агар Хадамоти алоқа ба дигар ширкатҳои хусусӣ ҳаққи хариду паҳн кардани интернетро иҷоза медод, он гоҳ як қисми бори гарон ба дӯши бозигарони нав меафтад ва рақобат сифатро беҳтар ва нархи интернетро поин мебурд”, - такрор мекунанд коршиносон давоми 8 соли охир.
Вале дар соли 2018 Музаффар Ҳимматов, директори генералии “Тоҷиктелеком” зери инҳисор қарор додани бозори алоқаро рад карда, гуфта буд, “ҳамаи ин корҳо дар доираи қонунгузорӣ сурат мегирад”.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ дар охири моҳи декабри соли гузашта аз нарху сифати интернет дар кишвар нигаронӣ карда, аз Хадамоти алоқа талаб кард, ки чораандешӣ кунанд. Баъдан Хадамот ситоди корӣ таъсис дод ва ваъда дод, ки дар мудати кӯтоҳ дар якҷоягӣ бо ширкатҳои мобилӣ нарху сифати интернетро беҳтар мекунанд.
Зоҳиран, барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда Хадамоти алоқа бояд аз тасмими соли 2016-аш даст кашад.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста