Як зодаи 20-солаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Русия бар зидди Украина меҷангид, баъди асир афтодан ба дасти сарбозони украинӣ дар як навор чӣ гуна ба артиши Русия ва ҳамин тариқ, ба ҷанг ҷалб шудан, лаҳзаи асир афтодан ва муносибати сарбозони рус ва украиниро нисбаташ нақл кардааст. Наздиконаш дар Тоҷикистон аз тақдири минбаъдаи ӯ нигаронанд.

Рӯзи 15-уми ноябри соли равон саҳифаи телеграми “Украина сейчас” навореро нашр кард, ки дар он як ҷавон худро Бунёд Ҷӯраеви 20-сола, зодаи Тоҷикистон муаррифӣ карда, мегӯяд, чанде пеш ба дасти сарбозони украинӣ асир афтодааст.

Бунёд нақл мекунад, ки пас аз хатми колеҷи техникиии шаҳри Владивосток ба артиши Русия ҷалб шуд ва баъди тақрибан 4 моҳи хидмат, бо фишор шартномаи ширкат дар ҷангро имзо кард.

Вай нақл мекунад, ки барои даст кашидан аз имзои шартнома, ба ӯ зиндон ё ширкат дар “амалиёти вижаи Русия” дар Укринаро пешниҳод карданд, ки Бунёд дуввумиро интихоб кард.

Номбурда дар идома мегӯяд, дар Старомайорск барои дигарон хандақ меканд. Баъди огоҳии командираш дар бораи муҷозот (дар ҳолати зарури парондан)-и нафарони аз  хатти аввал қафогашта, бо чанде аз ҳамроҳонаш ба хулосае омаданд, ки дар хандақ монанд.

“Се рӯз дар хандақ мондем ва вақте сарбозони украинӣ омаданд, мо – 6 нафар таслим шудем”, - мегӯяд Бунёд.

Аммо ӯ дар бораи шахсиёт ё ҳувияти нафарони дигар чизе намегӯяд.

Дар идома Бунёд мегӯяд, “муносибати сарбозони украинӣ бо онҳо хуб аст”.

Таҳти чӣ шароит ва кай сабт шудани навор маълум нест. Бунёд мегӯяд, намехост, ки ҷанг равад, вале ӯро таҳдид карданд, ки ба зиндон меравад.

Ӯ дар поёни навор аз ҳамватанонаш бо забони тоҷикӣ даъват мекунад, ки “ба ин ҷо (ҷанги Украина дар назар аст,-муаллиф) наоянд ва дар хона бо аҳли оилаашон бошанд”.

Наздиконаш нигаронанд. Бунёд Ҷӯраев кист?

Радиои Озодӣ маълум кардааст, ки Бунёд Ҷӯраев, сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич, панҷ соли пеш ҳамроҳ бо падару бародараш ба Русия рафта, мактаби миёнаро онҷо хатм кардааст.

Даврон Муҳаммадназаров, як тан аз дӯстони Бунёд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ду моҳи ахир ӯ бо наздиконаш тамос надошт ва асир шудани ӯро аз навори саҳифаҳои телеграмӣ фаҳмиданд.

“То ҳоло мақомоти Русия ба хешовандонаш дар бораи асир шудани ӯ чизе нагуфтаанд. Ҳоло худашон муроҷиат карданд, лекин ҷавобе нест,”—гуфтааст ӯ.

Ба гуфтаи дӯсташ, Бунёд шаҳрвандии Тоҷикистон ва Русияро дорад.

Акс аз Радиои Озодӣ

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина гуфтанд, ки ин наворро дидаанд ва онро пайгирӣ доранд. Давлат Назриев, сафири Тоҷикистон дар Украина дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкони кӯмак кардан доранд.

“Ба мо касе барои кӯмак муроҷиат накардааст. Мақомоти Украина ҳам моро хабардор накардаанд. Мо танҳо дар ҳолате кӯмак карда метавонем, ки ин ҷавон шаҳрванди Тоҷикистон бошад,”—гуфтааст ӯ.

Ҳамин тариқ, тақдири ояндаи ин ҷавон маълум нест. Маъмулан сарбозони асирафтодаро бо сарбозони асирафтода бо ҷониби дигар иваз мекунанд.

Наздикони Бунёд ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки “тарс доранд, ки пас аз танқиди артиши Русия ва русҳо дар навори саҳифаҳои телеграмӣ ва бозгашт ба Русия ӯро зиндон накунанд”.

Чанд зодаи Осиёи Марказӣ ба ҷанг рафта, чӣ қадар асиру қурбон шудаанд?

Ин аввалин навори асир афтодани зодагони Тоҷикистон дар Украина нест. Рӯзи 11-уми октябри соли равон дар канали расмии Дмитрий Гордон, рӯзноманигори украинӣ дар “YouTubе” мусоҳибаи ӯ бо як зодаи Тоҷикистон нашр шуд.

Ҷавоне бо номи Беҳрӯз - маҳбуси муассисаи ислоҳии низомаш сахт дар вилояти Самара, ки ба ҷанги Украина ҷалб шуда, баъдан ба дасти сарбозони украинӣ асир афтода буд, дар бораи чӣ гуна ба ҷанг рафтанаш ва ваъдаҳои ширкати хусусии ҳарбӣ (ЧВК)-и “Вагнер” нақл кард.

Ёдовар мешавем, ки Русия пас аз оғози ҷанг дар Украина ба таҷриҷ ба нерӯ эҳтиёҷ пайдо карда ва дар пайи ин, ба ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла зодагони Осиёи Марказӣ, ҳатто зиндониён ба артиш шурӯъ намуд.

Ҳоло маълум нест, ки чанд зодаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар ҷанги Украина аз ҷониби Русия ҷалб шудаанд, вале расонаи бритониёии “Би Би Си” кушта шудани қариб 100 тан аз шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ карда буд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар моҳи август гуфта буд, ки то имрӯз тахминан 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекарданд, ба ҷанги Украина фиристода шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.