Дар давраи чоруми бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ (ММТ), барои онҳое, ки ғоибона таҳсил мекунанд, 1132 нафар номнавис шудаанд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ММТ хабар доданд.
Манбаъ гуфт, онҳо давоми 1 моҳ - аз 9-уми ноябр то 9-уми декабр номнавис шуданд ва дар имтиҳоноти қабул, ки дирӯз, 17-уми декабр ҷамъбаст шуд, аксаран ширкат карданд.
“Эълони натиҷаи даври чоруми имтиҳонҳо 22-уми декабр ва натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосӣ аз рӯйи он 24 декабр ба нақша гирифта шудааст”, - гуфтанд аз ММТ.
Ёдовар мешавем, ки соли равон бори аввал даври чоруми бақайдгирии довталабон барои муҳассили бахши ғоибона дар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон баргузор шуд.
Барои бақайдгирӣ дар 8 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил гардид.
Дар даври чоруми бақайдгирӣ ба довталабон ҷойҳои холимонда дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи шакли ғоибонаи таҳсил пешниҳод шуд.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир нақшаи қабули донишҷӯён дар кишвар иҷро намешавад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ тибқи иттилои ММТ, дар даври якум нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 53 дарсад иҷро гардид.
Баъди ин, ММТ моҳи август даври дуюми қабули довталабон ва дар моҳи сентябр даври комилан нави қабули довталабонро ба роҳ монд. Дар даври сеюми имтиҳонҳои ММТ беш аз 8,7 ҳазор довталабон номнавис шуданд.
Роҳбарият ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.
Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад. Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста