Ширкати “Asian Express Airline” бо хоҳиши муштариёнаш хатсайри Душанбе – Балҷувон боз кардааст. Дар ин бора як масъули ин ширкат ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин масир ду рӯз инҷониб, рӯзе як маротиба автобусҳо фаъолият доранд.
“Ин хатсайрро бо талаби зиёди муштариён боз кардем ва ҳар рӯз танҳо як автобус ба ин роҳ равона мешавад. Агар дар оянда теъдоди истифодабарандагон зиёд шавад, шумораи автобусҳоро низ бештар мекунем”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Манбаъ афзуд, “нархи ин хатсайр 40 сомонӣ аст, ҳар субҳ соати 9:00 аз тераминали “Asian Express”-и Душанбе ба сӯи Балҷувон ҳаракат мекунад ва пас аз нисфирӯзӣ аз он ҷо ба пойтахт бармегардад”.
Ёдовар мешавем, ки ширкати “Asian Express Airline” соли 2013 ифтитоҳ шудааст ва ин ширкат ҳоло қариб ба саросари Тоҷикистон хатсайр дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста