Ҷоизаи мусиқии “Tarona Music Award-2023” имсол хос буд. Аз нахустин маросими ҷоизасупории мусиқии Радиои “Азия-Плюс” 20 сол гузашт. Соли 2003 ин ҷашнвора «Суруди сол» ном дошт ва бори нахуст бо дастгирӣ ва ҳузури шахсии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор гардид.

Имсол, ҷоизаи “Tarona Music Award” ба овозхонҳое мисли Нигина Амонқулова, Зулайхо Маҳмадшоева, Шабнам Собирӣ, Шаҳло Ҳафизова, Фаррух Ҳасанов, Меҳрнигори Рустам, Ҷамшед Исмоилов, Ҷаҳонгир Зарипов, Фотима Машрабова, Фарангис Дунё, Ёсамин Давлатова, Валиҷон Азизов, Мино Баҳриллоева, Мадина Ақназарова, Мубориз Усмонов ва Ҷонибек Муродов тақдим шуд.

Ҳунарнамоии 17 ситораи эстрадаи тоҷик, ки сурудҳои пуртарафдори худро дар соли равон замзама карданд, мухлисон бо кафкубӣ ва эҳсосоти бепоён пешвоз гирифтанд.

Шакли пурраи маросими “Tarona Music Award-2023”-ро шоми 31-уми декабр дар "Youtube"-канали "Аsia-Plus TV"  тамошо кунед. Ҳоло лаҳзаҳои беҳтарини маросимро дар гузориши “Навбатдор дар шаҳр” бубинед:

Имсол, “Tarona Music Award” бо дастгирии шарикони зерин баргузор шуд:

Сарпарасти кулл: NOOROOZ GROUP (Наврӯз Усмонов)

Сарпарастони расмӣ:

Авторизованный сервисный центр Инфотек

МДО "ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ"

ООО “Партнёр”, лоиҳаи City Park Residenсes

Шарикон - Crown City и Jaboo_parfums

Шариқи диҷитал - ISP NETS

Шарики технологӣ - fly.tj

Gold-шарик - Таджик Кристалл

Авто-шарик – BMW Tajikistan

Шарик - Sooroosh Media

Шарики болаззат - Додо Пицца Таджикистан

Бехатариро Оҷонсии муҳофизатии “Барс” таъмин кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.