Тоҷикистон соли 2024-ро бе барфу борон пешвоз мегирад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, аз 29-уми декабр дар пайи ворид шудани ҳавои сард ба қаламрави ҷумҳурӣ дар ноҳияҳои водию доманакӯҳҳо ҳарорати ҳаво тадриҷан паст шуда, суръати шамол то 15-20 м/с зиёд мешавад.

Ҳамчунин, рӯзҳои 29-30 декабр дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе афзоиши чангу ғубор ва олудашавии ҳаво дар назар аст.

Рӯзи 31-уми декабр дар шаҳри Душанбе ҳавои нимаабрӣ мешавад. Ҳаво рӯзона то 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯз дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво нимаабрист ва бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона дар водиҳо 12-17 дараҷа, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои нимаабрӣ ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ ҳавои нимаабрӣ ва бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо рӯзона то 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Аз 1-уми январи соли 2024 дар ин минтақа, аз ҷумла дар шаҳри Бохтар бориши борон ва барф дар назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 31-уми декабр мисли дигар ҷойҳо ҳаво абрнок ва бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби ВМКБ рӯзона 2-7 дараҷа гарм, дар шарқ 1-6 дараҷа сард мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.