Дар ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии", ки бо хатсайри фурудгоҳи Жуковский - Душанбе парвоз мекард, яке аз мусофирон кӯдак ба дунё овард, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ.

"Рӯзи 10 январ дар хатсайри U6-2441 аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ба Душанбе духтарча таваллуд шуд. <...> Дарҳол пас аз ба ҳаво баланд шудани ҳавопаймо, як зан ба доду фарёд оғоз кард. Як корманди ҳайати хидматрасонии ҳавопаймо собиқ фелдшер Надежда Ивакина ва яке аз мусофирзанон ҳамшираи шафқат Мадина  ба кумаки ӯ шитофтанд. <...> Зани ҳомиладорро ба қатори иборат аз се курсӣ ҷой карда, барои таввалуд таҷҳизоти зарурӣ омода карданд".
Сурат аз ширкати "Уральские авиалинии",

Дар ширкат зикр кардаанд, ки таваллуд бе мушкилӣ гузашта, нишасти таъҷилии ҳавопаймо лозим нашудааст. Дар фурудгоҳи Душанбе модару тифли навзодро ба ихтиёри мошини ёрии таъҷилии тиббӣ супардаанд.

“Мусофирони ҳавопаймо, ки аз ин кор ба эҳсос омада буданд, барои тифли навзод ҳамчун туҳфа 55 ҳазор рубл ва 3 ҳазор сомонӣ пул ҷамъ карданд”, - изҳор доштааст яке аз кормандони ҳайати хидматрасонии ҳавопаймо.

Сурат аз ширкати "Уральские авиалинии",

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.