Шаҳлиёр Дадабаев яке аз даҳҳо шаҳрвандони Қирғизистон аст, ки новобаста ба баҳсҳои марзӣ ва муноқишаҳои дар ин замина миёни ду кишвар бамиёномада, дар Тоҷикистон таҳсил мекунад. Ӯ донишҷӯи соли чоруми факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (ДДХ) аст ва тариқи квотаи Президенти Тоҷикистон таҳсил мекунад.

Шаҳлиёр зодаи шаҳри Исфанаи вилояти Ботканди Қирғизистон аст. Ин вилоят ҳаммарзи вилояти Суғди Тоҷикистон мебошад. Марзе, ки то ҳол пурра мушаххас нашудааст ва чандин маротиба боиси муноқишаи мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар гардидааст.

Шаҳлиёр мегӯяд, шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, барояш писанд аст ва аз даврони мактабхонӣ орзу мекард, дар бузургтарин донишгоҳи ин шаҳр таҳсил кунад.

“Қабл аз донишҷӯ шудан, бо волидонам дар арафаи Соли нав, Наврӯз ва дигар идҳо ба ҳайси сайёҳ омада мерафтем. Барои мо - сокинони наздимарзӣ таҳсил дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба вилояти Оши Қирғизистон осон ва мусоид аст”, - зикр мекунад ӯ.

Шаҳлиёр Дадабаев ба ин донишгоҳ пеш аз оғози муноқишаҳои мусаллаҳонаи ахир – моҳи апрели соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 дохил шуд. Ӯ мегӯяд, новобаста ба даргириҳои мусаллаҳона миёни ду кишвар ва баъдан, баста шудани сарҳад, ҳеҷ гоҳ андешаи канор гузоштани таҳсилро накардааст.

“Миёни ман ва ҳамкурсонам тафовутгузорӣ байни одамон бо назардошти миллату маҳали онҳо вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ман ин ҷо худро ҳамеша дар хонаи худ эҳсос мекардам. Муаллимон ҳам маро ҳамеша дастгирӣ мекунанд ва ба қадри тавоноии худ кӯмак мекунанд”, - мегӯяд Шаҳлиёр.

“Ҳамаи онҳо фарзандони мо ҳастанд”

Саноат Азимова, муовини декан оид ба таълим дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, нафаре, ки аз таҳсилу зисти Шаҳлиёр хабардор аст, аз ӯ ба ҳайси донишҷӯи фаъол ва хуштарбия васф мекунад.

“Ӯ ҳамчун донишҷӯи фаъол доим дар дарсҳо иштирок мекунад. Шаҳлиёр новобаста аз ин шароитҳо таҳсилро дар донишгоҳ идома дод ва ӯ яке аз донишҷӯёни фаъолтарину беҳтарин ҳисобида мешавад. Гумон мекунам, ки барои таҳсил ҳеҷ монеа нест, агар ӯ хоҳиш дошта бошад”, - мегӯяд Саноат Азимова.

Ин устоди донишгоҳ мегӯяд, дар муассисаи онҳо донишҷӯён аз кишварҳои хориҷӣ зиёд таҳсил мекунанд ва онҳо бо ҳамаи донишҷӯён муносибати хубу баробар доранд ва касеро бо назардошти миллату нажодаш ҷудо намекунанд. Шаҳлиёр низ бо ҳама ҳамсабақонаш равобити хуб дорад ва тариқи квотаи Президентӣ хонда, идрорпулӣ мегирад. Бо хобгоҳ низ таъмин шудааст.

Саноат Азимова
Намогирифт

Аммо Саноат Азимова таъкид мекунад, ки муноқишаҳои марзӣ ва баста шудани сарҳад ба теъдоди донишҷӯён аз Қирғизистон бетаъсир набудааст ва чанде аз онҳо таҳсилро дар ин донишгоҳ қатъ кардаанд.

Айни замон дар ин  муассиса 16 нафар донишҷӯ аз Қирғизистон таҳсил мекунанд. Дар бораи теъдоди донишҷӯёни қирғизистонӣ то баста шудани сарҳад иттилоъ дода намешавад.

Бояд зикр кард, ки баъди муноқишаҳои охир дар марз миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон теъдоде аз донишҷӯёни ду кишвар тарки идомаи таҳсил карданд ва ба зодгоҳи худ баргаштанд. Теъдоди дақиқи донишҷӯён ва онҳое, ки маҷбур ба қатъи таҳсил шуданд, маълум нест. На Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва на Вазорати маорифи Қирғизистон дар ин замина омори мушаххас пешниҳод накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, Шаҳлиёр бовар дорад, ки роҳи ҳалли мусолиҳатомез ва мусбати ин баҳсҳо пайдо мешавад ва дар фурсати наздик равобити ду кишвар барқарор ва беҳтар мегардад.

Ёдовар мешавем, ки то ҳол, тибқи изҳороти ахири ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.

Санаи имзои созишнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарчанд дақиқ нест, аммо хабарҳои ахир, аз ҷумла изҳороти Президенти Қирғизистон Содир Жапаров, ки моҳи декабри соли 2023 дар вилояти Ботканд ироа шуд ва суханони вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан, ки баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, гувоҳи наздик шудани фурсат барои имзои созишнома аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.