Озмун барои дарёфти идрорпулии шаҳрдории Душанбе оғоз шуд. Он барои хонандагони фаъол ва болаёқати пойтахт пешинӣ гардидааст.
Дар ин бора сарраёсати Вазорати маориф ва илм дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, идрорпулӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён ва довталабони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин олимони ҷавон ва ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст.
Нафароне метавонанд идрорпулӣ гиранд, ки ба ҳаракату маҳфилҳои ҷамъиятии наврасону ҷавонон (созмонҳои хонандагӣ, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Пайравони Пешвои миллат, Созандагони Ватан ва ғайра) аъзо бошанд, бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил менамояд, дастовардҳои илмиву эҷодиаш дар ВАО нашр шуда бошад, фаъолияти эҷодкорӣ ва дастовардҳои назаррас, аз қабили мақола(ҳо)и илмӣ – оммавӣ, ихтирооти амалӣ, малакаи ровигӣ, идорӣ, забондонӣ ва ғайра дошта бошад, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат намоянд, барои иштироки фаъолона дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон омода бошанд, рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон, ҳамкурсон ва кормандон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби роҳбари муассисаи таълимӣ) дошта бошанд.
Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмунро доранд, ҳуҷҷатҳои зеринро то 5 – уми марти соли 2024, соати 17:00 ба сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе (бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Сино) бояд пешниҳод намоянд:
- аризаи довталаб (бо дастхати худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ;
- суратҷаласа оид ба пешниҳоди номзад ба даври аввал ва ниҳоии озмун;
- тавсифнома;
- тарҷумаи ҳол;
- рўйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои роҳбар ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст (барои хонандагони МТМУ);
- нусхаи дафтарчаи имтиҳонот, ки аз тарафи маъмурияти факулта тасдиқ шудааст (барои донишҷўён);
- ба корҳои илмиву эҷодӣ тақриз;
- нусхаи шаҳодатнома ва ё шиноснома;
- 4 дона расми андозааш 3х4.
Шакли супоридани санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ гузаронида мешавад.
Ҳуҷҷатҳо ва рўйхати довталабон бо тасдиқ ва мактуби расмии муассисаи пешиҳодкунанда тавассути сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе қабул карда мешавад.
Телефонҳо барои маълумот:
2217283,936881122, 811070101шаҳри Душанбе
2331576, 777150707 ноҳияи Фирдавсӣ
2277963, 909038787 ноҳияи Исмоили Сомонӣ
2270134, 55 555 8421 ноҳияи Шоҳмансур
917444466 ноҳияи Сино
Инчунин иштирокчиён барои гирифтани маълумоти муфассал бо суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ – 40, ошёнаи 3 – юм, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва тавассути суроғаҳои зерин муроҷиат намоянд:
– телефон барои тамос (+37) 2217283, 2216736, 936881122,
Ватсап, телеграмм: 934603031, 811070101,
Еmail: [email protected], [email protected]
Эзоҳ: ҳуҷҷатҳои нопурра ё қисман пешниҳодгардида ба озмун қабул карда намешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста