Миёни шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ӯзбекистон барои табобат рафтаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор доранд.
Бино ба иттилои Агентии омори Ӯзбекистон, теъдоди тоҷиконе, ки дар кишвари ҳамсоя табобат гирифтаанд, 43,2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар умум, ба Ӯзбекистон давоми соли 2023 61,3 ҳазор нафар ба табобат рафтаанд.
Ҳамин тавриқ шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз 70 дарсади теъдоди умумии хориҷиёнеро ташкил медиҳад, ки ба Ӯзбекистон барои табобат сафар кардаанд.
Дар мақоми дуюм шаҳрвандони Қазоқистон (10,7 ҳазор нафар) ва Қирғизистон (5,5 ҳазор нафар) қарор доранд.
Аз Русия 1,1 ҳазор нафар ва аз Туркманистон 600 нафар барои табобат ба Ӯзбекистон рафтаанд.
Ҳамчунин, 200 нафари дигар аз давлатҳои боқимонда ташриф овардаанд.
Бояд гуфт, ки баъди ба нармӣ гароидани муносибати Тоҷикистону Ӯзбекистон ва боз шудани сарҳад сафари шаҳрвандони ду кишвар ба таври назаррас зиёд шуд. Айни ҳол шаҳрвандони Тоҷикистон барои тиҷорату таҳсилу саёҳат ба ин кишвар мераванд ва баръакс шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меоянд.
Аз ҷумла, сафари тоҷикон ба ҳаҷҷи умра тавассути ширкатҳои давлати Ӯзбекистон низ зиёд шудааст, ки сабаби онро дар матлаби зерин метавон мутолиа кард: Чаро тоҷикон тавассути Ӯзбекистон ба умра мераванд?




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста