Дар Душанбе корҳои тахриби иншооти Майдони Ғалаба ё миёни мардум маъруф бо номи “Танк” оғоз шуд.
Коргарони машғул ба ин корҳо ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфтанд, дастур гирифтаанд, ки пояҳо (стелла) ва муҷассамаи танкро ба Боғи Галабаи пойтахт кӯчонанд.
Қаблан маълум шуда буд, ки дар ҷойи ин майдон сохтмони эстакадаи дусатҳа ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин лоиҳа пайвастшавии кӯчаҳои Шевченко ва Назаршоев, инчунин хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Айнӣ дар назар аст, ки ба ақидаи муаллифони лоиҳа, зерсохтори нақлиётии шаҳрро беҳтар мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дарёфти маълумот дар бораи ҷузъиёти муҳлати кӯчонидани иншооти майдон ва оғози сохтмони эстакада аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Душанбе муяссар нашуд.
Қобили зикр аст, ки дар майдони Ғалаба барои ҳамаи сокинони Душанбе ёдгории муҳим - танки маъруфи ИС-2 (Иосиф Сталин) ҷойгир аст, ки дар амалиёти ҳарбии Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардааст.
Дар сурати бунёди эстакада ҳамаи иншооти наздик - биноҳои истиқоматӣ, Майдони “Ғалаба” ва “Танки ИС-2 (Иосиф Сталин)”, ки 35 сол пеш дар арафаи Рӯзи ғалаба - 9 май соли 1987 дар пойтахт, ҳамчун муҷассамаи ёдгорӣ қомат афрохта буд, тахриб мешаванд.
Дар маводи зерини “Азия-Плюс” дар бораи таъсири эстакадаҳо ба ҳалли мушкилоти танбашавӣ дар роҳҳои Душанбе маълумоти муфассал қобили дарёфт аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста