Дар посух ба нигаронии беҳад зиёди шаҳрвандон дар робита ба болоравии тарифҳои операторони мобилӣ дар Тоҷикистон Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ расман изҳор дошт, ки тарифҳо боло бурда намешаванд. Қарор дар ин бора дар саҳифаи расмии Хадамот дар Facebook нашр шудааст.

Дар изҳорот зикр мешавад, ки давоми чанд рӯз тамоми операторони алоқаи мобилӣ арзиш ва нархи тарифҳои худро баланд бардошта, оид ба ин иқдом СМС-паёмак ба муштариён фиристоданд.

“Чунин амали операторони мобилӣ дар ҷомеа, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфиро ба бор овард”, - омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, Хадамоти алоқа бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок ҳисобида, дар доираи дастуру супоришҳои ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми операторони алоқаи мобилиро ба бекор кардани ин иқдом даъват кард.

Хадамоти алоқа зикр мекунад, ки ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланд бурдани сифати алоқаи барқӣ муғойир аст.

Таъкид мешавад, ки болоравии арзиши хидматрасониҳои мобилӣ ба ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти поин бурдани нарх ба хидматрасониҳои алоқа ва беҳбуди сифати он созгор нест.

Ғайр аз ин, он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ гузошта, ҳамзамон барои амалисозии тадбирҳои муҳиме монанди гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад.

Зикр мегардад, ки аз ин рӯ, ба маълумоти тамоми муштариён расонида мешавад, ки Хадамоти алоқа ба баландшавии арзиш ва нархи тарофаҳои алоқа мобилӣ роҳ надода, тамоми имкониятҳои иқтисодӣ-техникии операторони алоқаи мобилиро ба вусъат додани минтақаҳои зери пӯшиши шабакаҳои алоқаи мобилӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ равона менамояд.

Хадамоти алоқа аз муштариёни операторони алоқаи мобилӣ хоҳиш кардааст, ки паёмакҳои қабулгардида оид ба баландшавии арзиши хизматрасониҳои алоқаи мобилиро нодида гирифта, ба истифодабарии тарофаҳои худ бо арзиши феълӣ идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.