Сумая, Осия, Алия ва Аҳмадҷон – номҳое ҳастанд, ки волидони чоргоникҳо қасд доранд ба фарзандонаш гузоранд. Ин тифлакон ҳафтае қабл дар таваллудхонаи “Истиқлол” ба дунё омаданд ва дирӯз, 5-уми феврал ба хонаи иҷораи волидон рухсат шуданд. Табибон вазъи саломатии онҳоро хуб арзёбӣ мекунанд.
Қаноатшо Худоёров, падари чоргоникҳо аз тавлиди фарзандон хушҳол аст. Ӯ мегӯяд, интизор надошт, ки ҳамсараш чоргоник ба дунё меорад. Тифлҳо солиму бардам ба дунё омаданд ва ҳар кадом беш аз 2 кг вазн доранд. Ҳоло тамоми хешу табор барои дидани ин тифлакон ба хонаи Қаноатшоҳ омадаанд. Хонаи иҷорае, ки ҳар моҳ барои он 4 ҳазор сомонӣ пардохт бояд кард.
Падари чоргоникҳо қабл аз тавлиди кӯдакон дар сохтмон кор мекард, аммо баъди тавлиди навзодҳо як ҳафта аст, ки бекор аст. Ӯ мегӯяд, ҳоло пайдо кардани коре, ки ҳам иҷораву хароҷоти хона ва ҳам ғизову эҳтиёҷоти кӯдаконро таъмин кунад, мушкил аст.

Гулзира Мирзобекова, модари чоргоникҳоро ҳам ҳамин фикр ба ташвиш овардааст. Ӯ мегӯяд, бисёр хуб мешуд, агар ҳади ақал дар пойтахт барояшон як манзили якҳуҷрагӣ ҷудо мекарданд. Ин кори хайр мушкили онҳоро чандин маротиб осонтар мекард.

Дар Тоҷикистон тавлиди чоргоник ва ё зиёда аз он қаблан низ сабт гардидааст. Дар аксари ҳолат, ҳукумати кишвар ва шахсони алоҳида ба волидони тифлон кӯмакҳо кардаанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста