Соли 2023 мақомоти масъули вилояти Суғд 1 нафарро, ки дар хориҷа ба таҳсили динӣ машғул будааст, ба Тоҷикистон баргардонидаанд, аммо 5 нафари дигар нахостаанд баргарданд.
Сӯҳроб Рустамзода, сардори Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, як нафаре, ки баргашт, сокини шаҳри Хуҷанд буда, дар Амороти Муттаҳидаи Араб таҳсил мекард.
“Панҷ нафари дигар бо сабабу баҳонаҳои гуногун барнагаштаанд, ё баъди баргаштан, бо баҳонаи беморию табобат, ё муҳоҷирати меҳнатӣ дубора ба макони таҳсилашон баргаштанд. Ҳарчанд якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят талош кардем, аммо онҳо розӣ нашуданд, ки баргарданд. Айни ҳол бо волидони онҳо ҳамкорӣ мекунем”, - гуфт Сӯҳроб Рустамзода.
Ҳоло як сокини шаҳри Конибодом, 2 сокини ноҳияи Мастчоҳ, як сокини шаҳри Панҷакент ва як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар хориҷа таҳсили ғайриқонунии динӣ мегирифтаанд.
“Мо ба хулосае омадем, ки онҳо аслан хоҳиши баргаштан надоранд. Аз рафтанашон солҳои зиёд гузаштааст, шояд дар давлатҳои хориҷ монданро ихтиёр кардаанд”, - афзуд Сӯҳроб Рустамзода.
Дар умум, тибқи иттилои ӯ, давоми 10 соли охир 722 сокини вилояти Суғд барои таҳсили динӣ ба хориҷа рафтаанд ва 717 нафри онҳо баргаштаанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон чанд сол пеш ба баргардонидани шаҳвандонаш, ки дар хориҷа ба таҳсили динӣ машғул буданд, оғоз кард ва ҳазорон нафар аз давлатҳои дигар баргардонида шуданд. Мақомот мегӯяд, барои идома таҳсили онҳо дар Тоҷикистон шароит фароҳам овардааст, аммо коршиносон таъкид мекунанд, ки на ҳамаи онҳое, ки аз хориҷа баргардониданд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста