“Сомониён” - ягона мактаби муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон ба далели қарздорӣ аз соҳибмулки бинои қаблии мактаб – Ҷамъияти саҳҳомии “Равғани тоҷик” ба бинои Сафорати Афғонистон кӯчидааст.

Ҳамакнун, толибилмони ин мактаб дар бинои Сафорати Афғонистон, ки пас аз суқути низоми ҷумҳурӣ дар ин кишвар дар тобистони соли 2021 ба таври пурра фаъолият надошт, таҳсили худро идома медиҳанд.

Чаро онҳо ба бинои Сафорати Афғонистон кӯчиданд, шароити таҳсил чӣ гуна хоҳад буд? Муфассал дар навори зерин тамошо кунед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.