Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи иҷроиши ҳуҷҷатҳои иҷро марбут ба кӯдакро баррасӣ намуданд.

 

Иҷрои ҳалномаи суд оид ба гирифта додани кӯдак:

Иҷрочии мақомоти иҷро бо тартиби пешбининамудаи қонун ба қарздор пешниҳодро дар бораи ба таври ихтиёрӣ иҷро намудани санади судӣ оид ба гирифта додани кӯдак ба ситонанда месупорад.

Ҳангоми аз ҷониби қарздор ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санади судӣ дар бораи гирифта додани кӯдак, иҷрочии мақомоти иҷро вақт, ҷойи ба ситонанда гирифта додани кӯдакро муайян менамояд, ки дар ин бора ба ситонанда ва намояндаи мақоми васоят ва парастории маҳалли ҷойгиршавии кӯдак хабар расонида мешавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро ӯҳдадор аст намояндаи мақомоти корҳои дохилии маҳалли ҷойгиршавии кӯдакро, ки иштироки ӯ дар ин ҳолат ҳатмӣ мебошад, даъват намояд. Мақоми васоят ва парастории маҳалли ҷойгиршавии кӯдак ҳангоми иҷрои санади судӣ уҳдадор аст равоншиносро даъват намояд.

Дар ҷой ва вақти муайяннамудаи иҷрочии мақомоти иҷро, намояндаи мақоми васоят ва парастории маҳалли ҷойгиршавии кӯдак дар ҳамкорӣ бо равоншинос гуфтушунидҳоро бо қарздор ё шахсони дигаре, ки кӯдак дар ихтиёри онҳо мебошад, мегузаронанд. Дар ин ҳолат намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ тартиботи ҷамъиятиро таъмин намуда, ҳамаи мамониатҳои аз ҷониби қарздор ё шахсони дигар, ки барои иҷро накардани талаби иҷрочии мақомоти иҷро равона гардидаанд, бартараф менамоянд.

Агар дар маҳалли иҷрои маҷбурӣ шахсони бегона ҳузур дошта бошанд, онҳо аз он ҷо дур карда мешаванд. Дур кардани чунин шахсонро намояндаи мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ менамояд. Иҷрои маҷбурӣ набояд дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ гузаронида шавад.

Иҷрочии мақомоти иҷро дар якҷоягӣ бо мақоми васоят ва парастории маҳалли ҷойгиршавии кӯдак гирифта додани кӯдакро амалӣ намуда, дар ин хусус санад тартиб медиҳад. Дар ҳолати дар маҳалли иҷрои маҷбурӣ ҳузур доштани намояндагони воситаҳои ахбори омма ба онҳо аксбардорӣ ё сабти видеои кӯдакон бо мақсади нарасонидани зарар ба онҳо манъ аст.

Бо ин мақсад дар маҳалли иҷрои маҷбурӣ иҷрочии мақомоти иҷро ва намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ бояд бо либосҳои ғайринизомӣ ҳузур дошта бошанд.

Агар шубҳаи асоснок дар хусуси он, ки қарздор бе розигии ситонанда кӯдакро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ мебарорад ё пинҳон мекунад мавҷуд бошад, иҷрочии мақомоти иҷро нисбати қарздор қарорро дар бораи муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтан аз ҳудуди ҷумҳурӣ бо кӯдак қабул менамояд.

 

Амалҳои иҷрочӣ ҳангоми ғайриимкон будани гирифта додани кӯдак:

Ҳангоми номуайян будани маҳалли ҷойгиршавии кӯдак, иҷрочии мақомоти иҷро бо ташаббуси худ ё дар асоси аризаи ситонанда метавонад кофтукови кӯдакро ба воситаи мақомоти корҳои дохилӣ эълон намояд.

Ҳангоми аз ҷониби қарздор ба таври ихтиёрӣ иҷро накардани санади судӣ дар бораи гирифта додани кӯдак, саркашӣ намудани қарздор аз раванди иҷрои маҷбурӣ ба роҳи пинҳонкунии кӯдак, инчунин бо дигар роҳҳо мамониат намудан ба иҷрои санади судӣ, иҷрочии мақомоти иҷро протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб дода, онро барои баррасӣ ба суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро равон менамояд.

Ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои санади судӣ дар мавриди гирифта додани кӯдак бе расонидани зарар ба манфиати кӯдак, ӯ тибқи таъиноти суд метавонад муваққатан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шавад.

 

Иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба муошират бо кӯдак:

Иҷрочии мақомоти иҷро ба қарздор пешниҳод дар бораи ба таври ихтиёрӣ иҷро намудани санади судӣ дар бораи ӯҳдадориҳои ӯ вобаста ба таъмини муоширати кӯдак бо ситонандаро месупорад.

Агар дар вақт ва ҷойи нишондодаи санади судӣ кӯдак ҳузур надошта бошад, инчунин аз ҷониби қарздор вобаста ба сабабҳои ҳузур надоштани ӯ хабар расонида нашуда бошад ё иҷрочии мақомоти иҷро сабабҳоро узрнок эътироф накунад ва қарздор аз иҷрои ҳуҷҷати иҷро саркашӣ намояд, иҷрочии мақомоти иҷро санад дар бораи иҷро накардани санади судиро тартиб медиҳад.

Дар ин сурат иҷрочии мақомоти иҷро протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, онро барои баррасӣ ба суди маҳалли иҷрои ҳуҷҷати иҷро равон менамояд.

Татбиқ шудани ҷазои маъмурӣ ва ҷиноятӣ қарздорро аз иҷрои талаботи санадҳои судӣ вобаста ба муошират бо кӯдак озод наменамояд.

Ҳуҷҷати иҷро ба шарте иҷрошуда ҳисоб карда мешавад, ки агар ба ситонанда имконияти бемамониат муошират намудан бо кӯдак тибқи талаботи санади судӣ таъмин шуда бошад.

Истеҳсолоти иҷро аз рӯи ҳуҷҷати иҷрошуда метавонад аз нав оғоз карда шавад, агар баъди тартиб додани санад оид ба муошират бо кӯдак қарздор аз нав ба муоширати ситонанда бо кӯдак мамониат намояд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.