Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи муҳлати гузаронидани амалҳои иҷроро баррасӣ карданд.

 

Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» оиди мӯҳлатҳои гузаронидани истеҳсолоти иҷро чигуна муқаррарот  пешбинӣ намудааст?

Мувофиқи моддаи 18 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» амалҳои иҷро, ки бо фурӯши молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошанд, дар муҳлати на зиёда аз чор моҳ ва дар дигар ҳолатҳо дар муҳлати на зиёда аз ду моҳ аз рӯзи аз ҷониби иҷрочии мақомоти иҷро қабул кардани ҳуҷҷати иҷро бо тартиби навбати воридшавии онҳо анҷом дода мешаванд.

Зимнан, ёдрас менамоем, ки  амалҳои иҷро вобаста ба таъмини иҷрои санадҳои судие, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян (худдорӣ аз содир намудани амалҳои муайян)  ӯҳдадор менамоянд, дар муҳлат ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур гузаронида мешаванд.

 

Кадом варақаҳои иҷро фавран иҷро  карда мешаванд? Оё номгуйи чунин ичроварақаҳо дар қонун пешбинӣ гардидааст ё не? 

Мувофиқи қисми 2  моддаи 18 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», ҳуҷҷатҳои иҷрои зерин фаврӣ  иҷро карда мешаванд:

1) оид ба ситонидани маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат, падару модари ғайри қобили меҳнат ё эҳтиёҷманди ёрии моддӣ (алиментҳо), музди меҳнат ё музди дигар барои меҳнат дар доираи пардохтҳои барои як моҳ ҳисобкардашуда, инчунин оид ба рӯёнидани маблағи умумии қарзҳо вобаста ба ин пардохтҳо, агар ҳуҷҷати иҷро рӯёнидани фаврии онҳоро пешбинӣ намояд;

2) дар бораи ба кор ё мансаби пештара барқарор кардани корманди ғайриқонунӣ озодшуда ё ба кори дигар гузаронидашуда;

3) санадҳои судӣ оид ба парвандаҳо дар бораи мавриди баҳс қарор додани санадҳои ғайримеъёрӣ, қарорҳо ва амали (беамалии) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони мансабдор;

4) оид ба ҷуброни расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ;

5) оид ба татбиқи чораҳои таъминотӣ;

6) оид ба ҷуброни зараре, ки вобаста ба фавти саробон расонида шудааст;

7) оид ба ворид кардани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати интихобкунандагон ва иштирокчиёни райъпурсӣ;

 

Тарафҳои истеҳсолоти иҷро, яъне ситонанда ва қарздор дар марҳилаи иҷро   дорои кадом ҳуқуқҳо мебошанд?

Дар моддаи 21  Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар бораи ҳуқуқҳои ситонанда ва қарздор дар истеҳсолоти иҷро меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст. 

Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқ доранд, ки:

- бо маводи истеҳсолоти иҷро шинос шаванд, 

- аз  маводҳои истеҳсолоти иҷро  иқтибос гиранд, 

- нусха бардоранд,

- маводи иловагӣ пешниҳод намоянд, 

- дархостҳо пеш оранд, 

- дар рафти амалҳои иҷро иштирок кунанд, 

-дар рафти истеҳсолоти иҷро баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд,

- барои ҳалли масъалаҳое, ки дар рафти иҷро ба амал меоянд ваҷҳ ва далелҳои худро изҳор ва собит намоянд,- ваҷҳу далелҳои шахсони дигари иштирокчии истеҳсолоти иҷроро рад намоянд, 

- то ба охир расидани истеҳсолоти иҷро созиши оштии аз ҷониби суд тасдиқшударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон банданд, 

- аз иҷро даст кашанд, аз болои қарор, амали (беамали) иҷрочии мақомоти иҷро оид ба масъалаҳои истеҳсолоти иҷро шикоят намоянд.

 

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.