Таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд.
Дар ин робита ҳамаи чорабиниҳои фарҳангӣ асосан шомгоҳон баргузор мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд.
“Чунин тасмим барои он гирифта шуд, ки ҷашнро шахсони рӯзадор низ дар моҳи шарифи Рамазон таҷлил карда тавонанд”, - гуфтанд дар шаҳрдорӣ.
Қобили зикр аст, ки моҳи шарифи Рамазон имсол 11 март оғоз гардида, то 9 апрел давом мекунад. Давоми рӯз рӯзадорон аз истеъмоли таъом ва нӯшокиҳо худдорӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 19-20 март чорабиниҳои идона шомгоҳон дар тамоми боғҳои шаҳр баргузор мешаванд.
“Ошпазҳо таъомҳои миллии болаззат пухта, занон дар дегҳои калон ба пухтани суманак машғул мешаванд”, - хабар дод манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, баргузории чорабиниҳои идона дар боғҳои “Куруши Кабир” дар ноҳияи Шоҳмансур, ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ба номи Фирдавсӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва Умари Хайём дар ноҳияи Сино ба нақша гирифта шудааст.
Чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ имсол рӯзи 21 март дар майдони “Истиқлол”-и пойтахт бо иштироки президенти Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Дар ин рӯз, тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, мувофиқи қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ раҳпаймоии “Корвони Наврӯз” доир гардида, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва сайругаштҳои идона ташкил карда мешаванд.

Рӯзи 22 март дар “Боғи Ирам” Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба расму оинҳои ҷашни Наврӯз чорабинӣ ташкил мекунад.
Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки паёмовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ба шумор меравад. 23 феврали соли 2023 Маҷмаи Умумии СММ 21 мартро ҳамчун Рӯзи байнулмилалии Наврӯз эътироф намуд. Ҳамчунин ҷашни Наврӯз ба руйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО дохил шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста