Охири моҳи феврал дар бахши тоҷикии Интернет замимаи нави мобилии VozhaOmuz-ро барои омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ намуданд. Таҳиягарони замима як гурӯҳе аз омӯзгорону барномасозон аз ZabonOmuz ва DonishSoft мебошанд.
Айни замон барои омӯзиш ду забон - англисӣ ва русӣ дастрас аст. Онҳоро метавон мувофиқи интихоби корбар бо ду забон - тоҷикӣ ё русӣ омӯхт.
Ҳама гуна шахсони хоҳишманд метавонанд аз VozhaOmuz забон омӯзанд.
Барнома зиёда аз 8 ҳазор калима ва 22 категорияи дарсҳоро дар бар гирифта, ҳар кадоме аз онҳо дорои луғати соҳавӣ аст.
Шахсони навомӯз омӯзиши забони англисӣ ё русиро аз категорияи начандон душвори “Еда” (Таъом) в “Человек” (Инсон) оғоз карда метавонанд. Барои шахсоне, ки бо забонҳо нисбатан шиносанд, категорияҳои душворе чун “Государство и общество” (Давлат ва ҷомеа) ё “Компьютер и связь” (Компютер ва алоқа) мавҷуданд.
Барои омӯхтани калимаҳо дар барнома дастгоҳҳо (тренажер)-ҳои гуногун мавҷуданд - сабти аудио барои талаффузи дурусти калимаҳо, кортҳо бо тасвир ва тарҷумаҳо ва бозиҳое, ки шумо бояд калимаҳоро бо ҳарф нависед ё тарҷумаи дурустро пайдо кунед.
Шумо метавонед дониши худро бо тест ва квизҳо (мусобиқаҳо) санҷед. Инчунин имкон дорад, ки ба воситаи бахшҳои "Статистика” (Омор) ва "Ошибки “(Хатоҳо) комёбиҳои худро таҳлил карда, калимаҳои омӯхтаатонро такрор кунед.
Барнома дорои пули худ - тангаҳо мебошад, ки категория ва калимаҳои навро боз мекунанд. Шумо метавонед онҳоро тавассути омӯзиши калимаҳо ба даст оред - як танга барои ҳар як калимаи омӯхташуда, даъват кардани дӯстон, пирӯзӣ дар набард (баттл) ё харидани онҳо.
Корбарон VozhaOmuz-ро бо Duolingo-и машҳур муқоиса карда, дар байни замимаҳо баъзе монандиҳо пайдо мекунанд. Таҳиягарон мегӯянд, ҳарчанд аз чунин муқоиса хушҳоланд, лекин маҳсулоти онҳо аз Duolingo аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад.
Яке аз фарқиятҳо - қобилияти ташкили дарси зарурӣ ё категорияи алоҳида барои худ аст. Яъне вобаста ба кадом мавзӯъе, ки мехоҳед биомӯзед, метавонед бо истифода аз дастгоҳҳои омӯзишии VozhaOmuz категорияи калимаҳои худро бисозед ва онҳоро омӯзед.
Мутаассифона, на ҳама дарсҳо ва функсияҳои барнома бепул дастрасанд. Аз 22 категория танҳо 9-тоаш барои истифодаи умум дастрас аст. Барои дастрасӣ ба боқимонда, шумо бояд версияи премиуми VozhaOmuzро харед, ки имкониятҳои бештарро фароҳам меорад.
Ҳарчанд нархи версияи пулакӣ ҳанӯз маълум нест, таҳиягарон ваъда медиҳанд, ки "он дастрас хоҳад буд." Барои он пулакӣ аст, ки хароҷоти гурӯҳи корӣ бароварда шуда, рушди минбаъдаи лоиҳа таъмин карда шавад. Зеро аъзои гурӯҳ дигар манбаи маблағгузорӣ надоранд.
Барои тамоми Осиёи Марказӣ низ версия мешавад.
Аъзои гурӯҳи VozhaOmuz барои таҳияи барномаи дигар нақшаҳои зиёде дорад. Мирқурбон Наимов, яке аз таҳиягарони замима дар бораи чанде аз онҳо ба “Азия-Плюс” изҳори назар кард.
Ба гуфтаи Мирқурбон, тақрибан баъди 3 моҳ роҳандозии версияи дуюми VozhaOmuz барои тамоми Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар назар аст, ки дар версияи нав омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо забони модарии сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ имконпазир хоҳад шуд. Инчунин ҷорисозии омӯзиши забонҳои олмонӣ ва чинӣ дар барнома пешбинӣ гардида, ба ин васила имкониятҳои он васеъ мешавад.
Боз як навоварии ҷолиби барнома имкони табодули тангаҳо ба мегабайтҳо тавассути операторони мобилии кишвар хоҳад буд. Яъне бо омӯхтани калимаҳои нав шумо метавонед интернети ройгон ба даст оред. Ин як бартарии хуби VozhaOmuz хоҳад буд, зеро на ҳама функсияҳои барнома бе пайвастшавӣ ба Интернет кор мекунанд.
Маълумот дар бораи кай ҷорӣ шудани ин функсия ва бо кадом операторҳо кор карданаш то ҳол махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Айни замон боргирӣ (скачивание)-иVozhaOmuz дар Google Play дастрас аст. Таҳиягарон ваъда медиҳанд, ки ояндаи наздик барои App Store низ версия таҳия карда мешавад.