Бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон сокинони шаҳри Душанбе макони хуб барои баргузории ифтор ҷустуҷӯ мекунанд, то на танҳо аз истеъмоли таъом, балки аз фазои гуворо низ лаззат баранд.

“Азия-Плюс” якчанд муассисаро интихоб кард, ки дар он шумо метавонед бо аҳли оила ё дӯстонатон таомҳои гуногун тановул карда, қаринаи беҳтаринро барои худ интихоб кунед.

 «Sophia’s»

Тарабхонаи таъомҳои аврупоӣ ва миллӣ интихоби беҳтарин барои ифтор бо аҳли оила аст. Муассиса интихоби зиёди анвои хӯроки шомро пешниҳод мекунад.

Навъи 1:

Хомшӯрбо

Самбӯса (2 дона)

Манту (1 порс - 3 дона)

Кулча

Нарх: 45 сомонӣ


Навъи 2:

Угро бо гӯшти мурғ

Хӯриши «Весна»

Манту (1 порс - 3 дона)

Кулча

Нарх: 55 сомонӣ

Навъи 3:

Угро бо гӯшти бурида

Хӯриши «Шакароб»

Гӯшти дамдода аз думи гов

Кулча

Нарх: 75 сомонӣ


Навъи 4:

Шӯрбо бо тушбера

Хӯриши «Греческий»

Форел (300 гр)

Кулча

Нарх: 85 сомонӣ

Навъи 5:

Шӯрбои угро бо гӯшти мурғ

Хӯриши «Цезар» бо гӯшти мурғ

Кабоби самарқандӣ

Кулча

Нарх: 95 сомонӣ

Суроға: кӯч. М. Турсунзода, 11 (дар наздикии меҳмонхонаи "Румӣ").

Реҷаи кор дар моҳи Рамазон: душанбе – шанбе: аз соати 13:00 то 22:00.

Рақамҳо барои фармоиши миз: +992 88 833 9555, +992 00 000 4477

Саҳифа дар Instagram

Чойхонаи «Joni Oshi Samarqand»

«Joni Oshi Samarqand» дар моҳи Рамазон нуқтаи дуюми худро дар Душанбе боз намуда, дар он ба ҷуз толори барҳаво барои 180 нафар, ҳамчунин 8 VIP-кабинаи оилавӣ пешкаш мекунад.


Чойхона филиали Маркази маъруфи оши палови Самарқанд мебошад.

Дар «Joni Osh Samarqand» шумо бо пардохти 37 сомонӣ метавонед оши палов (оши палов, хӯриш, чакка, чой) хӯрда, инчунин барои 6 нафар бо нархи 220 сомонӣ пухтани 1 кило оши паловро фармоиш диҳед.

Ғайр аз ин, ба шумо ифтор барои 4 нафар (5 навъи хӯриш, 4 самбӯса, чакка, кулча, ду нӯшокӣ ва чой) - бо нархи 260 сомонӣ пешниҳод мешавад.


Суроғаҳо: кӯч. Шамсӣ, 67 (82-й мкр, назди сафорати Олмон). Телефон барои тамос: +992 55555-2775

Кӯч. Тахтагул, 34 (наздикии масҷид дар кӯчаи Калинин). Телефонҳо барои тамос: 55555-0995 / 977-77-41-77

Саҳифа дар Instagram

«Sait Efendi»

SAIT EFENDI шуморо ба баргузории ифтор дар муассисаи барҳаво ва бароҳати худ даъват мекунад.

Онҳо барои ифтор навъҳои махсуси хӯрокҳоро бо нархҳои дастрас омода кардаанд! Ғайр аз ин, дар ин ҷо интихоби васеи таъомҳои омехта (комбо-блюд) бо нархҳои қобили қабул пешниҳод мегардад.

1/3

Суроға: кӯч. Дӯстии халқҳо, 47 (МСФ «Душанбе Молл», ошёнаи 3-юм).

Телефон: (+992) 44 660 0000, (+992) 44 660 0001.

Рақами кӯтоҳ: 53-53

Зимни пардохт тариқи ҳамёни “Ҳумо” - 20% кешбек

Саҳифа дар Instagram

«Lagman House»

Тарабхонаи хӯрокҳои уйғурӣ филиали нави худро боз намуда, меҳмононро интизор аст. Тарабхона ба шумо фазои бароҳат ва таъомҳои болаззатро дар ифтор ваъда медиҳад.


Суроға: кӯч. С.Айнӣ, 57 (МТ «Созидание»);

кӯч. Дӯстии халқҳо, 47 (МСФ «Душанбе Молл»);

кӯч. С. Носир, 29 (наздикии Донишгоҳи омӯзгорӣ (Педуниверситет)

Телефонҳо барои тамос: +992 900057575

Саҳифа дар Instagram

«Southern Fried Chicken»

SFS низ бо реҷаи муқаррарӣ кор карда, интизори меҳмонон аст. Муассиса ҳамаро ҳам ба саҳархӯрӣ ва ҳам ифтор даъват мекунад.


Суроға: хиёб. Рӯдаки, 30; (шабонарӯзӣ);

кӯч. Нусратулло Махсум, 79/2; (шабонарӯзӣ);

кӯч. Дӯстии халқҳо, 47 (МСФ «Душанбе Молл») аз соати 10:00 то 22:00;

кӯч. Айнӣ, 57 (шабонарӯзӣ)

Телефон барои тамос: 5353

Зимни пардохт тариқи ҳамёни "Ҳумо" - 20% кешбек

Саҳифа дар Instagram

«Simple Oddi»

Агар хӯрокҳои тезтайёр ё худ фаст-фудро дӯст медоред, пас ин ҷо дақиқан барои шумост.

Дар қаҳвахона бо нархҳои дастрас метавонед навъҳои зиёди питса, бургер, хот-догро бо маззаи гуногун ва дигар иловаҳо истеъмол намоед.

Реҷаи кор: аз соати 8:00 то 3:00

1/2

Суроға: хиёб. Рӯдакӣ, 91 (рӯбарӯи офиси Tcell),

кӯч. Айнӣ, 56 (наздикии гардиши фурудгоҳ)

Телефон барои тамос: +992 901460550

Саҳифа дар Instagram

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.