Имрӯз, 13-уми март ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола, ки як моҳ пеш дар дарёи Сир ғарқ шуда, ҷасадашро дирӯз, дар яке аз каналҳои Ӯзбекистон дарёфт карданд, дар шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд.
Маросими ҷаноза бо иштироки садҳо нафар дар ҳавлии падараш, кӯчаи Раҳмон Набиев баргузор шуд ва ӯро дар қабристон “Боғи охун”-и шаҳр дафн карданд.
Дар ҷаноза имомхатиб бо такя ба каломи Худо ва ҳадисҳои паёмбар гуфт, ин кӯдаки 9-сола аҳли биҳишт аст.
Сафияхон Раҳматова рӯзи 7-уми феврали соли 2024 бедарак шуд. Охирин маротиба ӯ дар наворе, ки аз кӯчаи Раҳмон Набиев, назди боғи Камоли Хуҷандӣ, лаби дарёи Сир бардошта шудааст, дида мешавад. Хонаи онҳо дар ин мавзеъ воқеъ аст.
Дар он навор мушоҳида мешуд, ки духтараке дар канори роҳ медавад ва ба соҳили дарёи Сир мефарояд. Пас аз ин, Сафияхон нопадид гардид. Волидони Сафияхон бовар доштанд, ки духтарашон дар дарёи Сир ғарқ шудааст.
Барои пайдо кардани Сафияхон Раҳматова мақомоти дигар, аз ҷумла кормандони милитсияву тафтишотӣ ва ихтиёриён ҳам кӯмак мекарданд.
Баъди як моҳи ҷустҷӯй, ҷасади Сафияхон Раҳматова дар яке аз каналҳо аз шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон дарёфт кардаанд.
Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши КҲФ-и шаҳри Хуҷанд ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷасад ӯро кормандони КҲФ-и Ӯзбекистон рӯзи 12-уми март аз тарафи рости соҳили канали Мирзочӯли ҷанубӣ, ки ба ҳудуди шаҳри Ширини вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон мерезад, дарёфт кардаанд.
Қаблан, КҲФ Тоҷикистон барои пайдо кардани ҷасади ин духтарча дар ҳудуди Ӯзбекистон ба унвонии КҲФ ин кишвар мактуб ирсол карда буд.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста