Имрӯз, 13-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, шаҳрдори Душанбе дар пойтахт ба сохтмони бинои Вазорати фарҳанг, Вазорати маориф ва илм ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав санги асос гузоштанд.

Вазорати фарҳанг соли 2026 соҳиби бинои нав мешавад

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат аст. Он бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ бунёд мешавад.

“Тибқи лоиҳа дар ошёнаи якуми иншоот маҷлисгоҳи калон ба 500 ҷойи нишаст, толори хурд ба 180 ҷой, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир хоҳад шуд”, - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки он дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи заминаш 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.

1/3

Фармоишгари иншоот “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президент ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” мебошанд.

 

Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Вазорати фарҳанг ба масъулин супориш дадааст, ки дар муҳлати 2 сол он пурра сохта шавад.

Зерсохторҳои Вазорати маориф ва илм ба як бино меоянд

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дар ноҳияи Шоҳмансур барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон санги асос  гузоштаанд. Бинои нав дар наздикии бинои пешини вазорат (наздикии бозори собиқи "Зелённий") ҷойгир ат.

Бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо дарназардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Тибқи лоиҳа иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт.

1/4

Дар ин бино зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир хоҳанд шуд. Аз ҷумла, пас аз анҷоми сохтмон дар таҳхонаи бино маркази чопи нашрияҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷойгир карда мешаванд.

Тибқи супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ин бино давоми 3 сол пурра сохта мешавад.

Сохтмони бинои  Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҷои бинои Иттифоқҳои касаба

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ барои бунёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шудаанд. Ин бино дар ҷои бинои собиқи Иттифоқҳои касаби Тоҷикистон сохта мешавад.

1/4

Ба иттилои хадамоти матбуот, бинои нави Вазорат аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толори барҳаво бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад.

Бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар майдони 65 садяк давоми 2 сол сохта мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.