Қаблан хабар дода будем, ки сокинони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз риоя нагардидани реҷаи ваъдашудаи маҳдудияти барқ ё худ лимит дар моҳи Рамазон арзу шикоят доранд. Ин дафъа мо кӯшиш кардем, ки ба сохторҳои марбутаи шаҳрӣ ва минтақавӣ муроҷиат намуда, вазъиятро шарҳ диҳем. Лекин талошҳоямон бенатиҷа анҷом ёфтанд - тамос гирифтан бо онҳо ғайриимкон аст.
Дар муддати ду рӯз “Азия-Плюс” кӯшиш кард, ки бо намояндагони шабакаҳои барқӣ дар тамос шавад, лекин бенатиҷа. Аз ҷумла, ба шабакаи барқи Истаравшан, Панҷакент, Турсунзода ва вилояти Хатлон занг задем, лекин ба зангҳо ё ҷавоб надоданд, ё телфеон муддати тӯлонӣ банд буд ва ё он умуман кор намекард.
Муяссар шуд, ки танҳо бо корманди Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд гуфтугӯ кунем.
Сабаби риоя нашудани реҷаи таъминот бо барқро ӯ шарҳ надод, лекин изҳор намуд, ки дар Хуҷанд барқ аз соати 18:00 то 21:00 ва субҳ аз соати 04:00 то 07:00 интиқол дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, сокинон мегӯянд ин тавр нест ва барқ бамаротиб камтар дода мешавад, ҳарчанд ҳатто ин 6 соат ҳам ба ваъдаи додашуда дар моҳи Рамазон мувофиқ нест.
Ёдрас мекунем, ки дар арафаи оғози моҳи шарифи Рамазон, мудири кулли ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Арвинд Гуҷрал бо ирсоли як барқия аз зердастонаш хост, ки дар моҳи Рамазон аҳолии Тоҷикистон 8 соат (4 соат субҳ - 04:00 - 08:00 ва 4 соат шом - 17:00-21:00) бо барқ таъмин шаванд.
Тавре ки сокинон аз минтақаҳои гуногун хабар медиҳанд, чунин реҷа қариб риоя нагардад ва дар минтақаҳо дар як шабонарӯз 3-4 соат ё 4-5 соат барқ дода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста