Умар Зиёев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз овозхонони шинохтаи 50 соли охири тоҷик 17-уми март дар 73-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт ва ӯро 18-уми март дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд.
Марҳум чанд соли охир аз беморӣ ранҷ мекашид ва рӯзи 17-уми март пас аз ҷарроҳӣ дар пойтахт аз олам даргузашт. Ӯ 73 сол дошт.
Маросими хайрбод бо овозхон дар назди хонааш дар Душанбе баргузор шуд. Дар маросими видоъ пайвандону дӯстон ва ҳаводорони зиёди ҳунари Умар Зиёев ҳузур доштанд.
Умар Зиёев яке аз овозхонҳои шинохтаи 50 соли охир дар кишвар буд. Ӯ дар солҳои 1970-ум бо сурудаҳои “Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон” ва “Замини маҳбуб ва зодгоҳ” шӯҳрат ёфт.
Соли 1974 ба дастаи эстрадии “Гулшан” даъват гардид ва беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифт.
Нақши Умар Зиёев дар корномаи дастаи ҳунарии “Гулшан” бориз арзёбӣ мешавад. Ҳамкорону ҳамовардони овозхон нақша доштанд, ки имсол 60-солагии “Гулшан”-ро дар Душанбе бо шукӯҳ ҷашн гиранд. Умар Зиёев ҳам гуфта буд, ки аз таърихи ин даста китоб менависад. Аммо акнун роҳбари собиқадори даста аз олам чашм пӯшид ва тақдири он китоб ҳам норавшан боқӣ монд.
Умар Зиёев дар солҳои 2000-ум ба хондани сурудҳои ватанпарварона пардохт. Ин овозхон беш аз 14 сол роҳбари дастаи ҳунарии “Сипар”-и ВКД буд ва соли 2014 аз ин ҷо ба нафақа баромад. Дар охирин мусоҳибааш бо “Азия-Плюс” гуфта буд, бо сари баланд масъулияти ба дӯш доштаро ба поён расонидааст.
Даргузашти Умар Зиёев аҳли зиёи кишварро ба мотам нишонд ва марги варо талафоти ҷуброннопазир дар санъати тоҷик унвон карданд. Ҷасади Умар Зиёев дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста