Дар баъзе аз масоҷиди Тоҷикистон зимни адои намози ҷумъа, дар ҳақи муҳоҷирони тоҷик дуо карда, аз онҳо хостанд, худро эҳтиёт кунанд ва ба фитна дода нашаванд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон имрӯз, 29-уми март, зимни баргузории намози ҷумъа дар Масҷиди марказии кишвар дар Душанбе аз муҳоҷирони меҳнатӣ хост, ки “дар хориҷа эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна фитнаву балоҳо” гирифтор нагарданд.

“Шумо намояндаи Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ҳастед. Ватандӯст бошед ва барои баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар хориҷа талош кунед”, - гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Муфтӣ мушаххас аз ҳодисае ном набурд, аммо дар ҳақи муҳоҷирон дуо кард, то “дар амони Худо бошанд”.

Имоми масҷиди “Имом ал-Бухорӣ”, маъруф ба Абдуллоҳи Нурии пойтахт ҳам дар мавъизаи худ оид ба Ватан ва ватандорӣ суҳбат карда, гуфт, ки дӯстдории ватан аз имон аст.

Ӯ ҳам ҳар гуна зӯровариро, махсусан бо истифода аз номи дин маҳкум кард.

“Ҷиҳод мехоҳӣ, ба падару морадат ғамхорӣ кун, сарзаминатро ҳифз кун, фарзандонатро хонон, ҳамсаратро таъмин кун. Ин аст ҷиҳод”, - гуфт имоми ин масҷид.

Аммо ӯ ҳам аз ҳеҷ ҳодисаи мушаххас ном нагирифт.

Ин суханон баъд аз ҳаводиси ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав ва ҳамчун гумонбари он муаррифӣ шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчунин барои узвият дар гуруҳи тундрави Далати исломӣ* низ гумонбар мешаванд, садо медиҳад.

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, боздошт шудааст. Чор нафар - Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар - Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад. Баъдтар, падару писар - Аминҷон ва Исроил Исломовҳо аз ҳукми додгоҳ шикоят карданд.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Дар бораи нафари нӯҳуми ба ҳабс гирифта имрӯз Кумитаи тафтишоти Русия иттилоъ дод ва гуфт, ки ӯ ҳамларо маблағгузорӣ кардааст. Аммо шахсияту табаияти ӯро ошкор накард.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.