Дар Душанбе мавсими шинонидани кӯчати гули лола ба охир расид, ки омодагиҳо ба он ҳанӯз аз тирамоҳи соли гузашта оғоз гардида буд. Шинонидани кӯчати гули лола моҳи ноябри соли 2023 оғоз гардида, дар кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт зиёда аз 6,6 млн бех кӯчати гули лола шинонида шуд.
Имрӯз шаҳр ғарқи гулҳову лекин мутаассифона, умри онҳо кӯтоҳ аст. Агар шумо имкон надошта бошед, ки шахсан дар кӯчаҳои Душанбе гаштугузор намуда, аз навъи лолаҳои гуногун ва майдонҳои гулпӯши пойтахт лаззат баред, пас суратгузориши зери моро тамошо кунед.