Дар Душанбе аз 22 апрел хатсайри нави автобус ба роҳ монда мешавад. Тавре ки шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, автобуси №61 аз Терминали Ғарбӣ (Дарвозаи Ҳисор) то Маркази савдои “Ховарон” (7 км) равуо мекунад.

“Автобус дар роҳи мошингарди Душанбе-Ҳисор, тариқи кӯчаву хиёбонҳои А.Навоӣ, Карамов, Н.Ганҷавӣ, И.Сомонӣ, Шероз, Шотемур, М.Турсунзода, Н.Муҳаммад, Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Мастонгулов, Зебуннисо ва С.Айнӣ ҳаракат мекунад”, - омадааст дар хабар.

Ҳамчунин шаҳрдории Душанбе ба маълумоти сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз 22 апрел дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобуси №41 (Маркази савдои “Кушониён”-Терминали ғарбӣ) тағйирот ворид карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, тағйирот дар қисмате, ки тариқи кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои пойтахт мегузарад, сурат мегирад.

“Акнун ҳаракати автобуси №41 тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, А. Рудакӣ, С. Носирова, Карамов, А. “Навоӣ ва шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ба роҳ монда мешавад”, - зикр мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақдӣ буда, тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.