Аз лиҳози дастрасӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ Душанбе пешсаф аст.
Мувофиқи таҳлили арзиши роҳкиро дар шаҳри Душанбе ва дигар пойтахтҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз лиҳози дастрасӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ пойтахти ҷумҳурии мо пешсаф аст.
Дар Душанбе нархи роҳкиро дар автобус ва троллейбус зимни пардохт бо корти City card зикр шудааст. Бо пардохти нақдӣ арзиши роҳкиро дар автобус 2,5 сомонӣ ва троллейбус - 2 сомониро ташкил медиҳад.
Нархи таксӣ дар Душанбе ва Ашқобод замони нишастан нишон дода шуда, минбаъд аз рӯйи килмоетр маблағ пардохт мешавад.
Дар Остона нархи роҳкирои автобус ва маршрутка зимни пардохти ғайринақдӣ зикр шуда, бо пардохти нақдӣ 120 тангаро ташкил медиҳад.
Дар Тошканд нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятии шаҳр нишон дода шудааст.