Марҳабо Туйчиева мисли дигар занҳои тоҷик умед дошт, ки шавҳараш аз муҳоҷират пул меорад ва зиндагияшон хуб мешавад, аммо якбора дар Русия бедарак шудани шавҳар зиндагии ӯро тамоман тағйир дод.
Соли 2004, расо 20 сол пеш, замоне ки шавҳари Марҳабо - Акбархон Туйчиев муҳоҷир шуд, Марҳабо ҳамагӣ 33-сол дошту соҳиби фарзанди ноболиғ буд. Ҳоло Марҳабо 53-сола шудаву мӯяш сапед гаштааст, аммо то ҳол дар интизори шавҳари бедаракшуда мебошад.
Дарди танҳоиву раҳпоӣ, душвориҳои зиндагӣ, мушкилоти таъмину тарбияи ду кӯдаки бепадар Марҳаборо бемор кардааст. Ӯ тӯли 20-соли интизорӣ борҳо дар беморхонаҳо бистарӣ ва ду маротиба ҷарроҳии дилро аз сар гузаронидааст.
Ҳоло Марҳабо маъюби гурӯҳи дуюм буда, ҳамагӣ 300 сомонӣ нафақа мегирад. Намедонад ин маблағи ночизро барои хариди доруворӣ истифода барад ё ба зиндагиаш сарф кунад.
Қаҳрамони мо танҳо бо истеъмоли дорӯҳо зиндагӣ мекунад ва агар дар вақташ доруву сӯзандоруҳоро нагирад, вазъи саломатияш бад мегардад. Кори хона, хариди бозор, нигоҳубини хусуру хушдомани пир бар дӯши ин зани ғамдида аст.
Тамошои барномаи “Жди меня” бо умеди дидори фарзанд
Шарофат Қосимоваи 74-сола модари Акбархон ва хушдомани Марҳабо буда, келинро мисли духтари худ дӯст медорад. Дар ҳар суханаш келинро дуои нек карда, мегӯяд, ки “20-соли умри ҷавонашро ба интизории фарзанди гумноми ман бахшид, аммо боре хотири моро наозурдааст”.
Қосимова гуфт, 25-уми апрели соли 2003 писараш Акбархон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд. Шаш моҳи аввал пайваста занг зада, аз ҳолу аҳволи падару модар ва пайвандонаш мепурсид, аммо аз моҳи январи соли 2004 якбора бедарак шуд. Инак 20 сол аст, ки аз ӯ на хат асту на хабар.
Ин модари чашминтизор 20 сол аст шаб то саҳар дида ба роҳи фарзанди нопайдояш медӯзад. Ҳамеша дар дилаш ҳисси умед ва ҳатто боварӣ ба омадани фарзандаш ҳаст. Аз ин рӯ, солҳост, ки шабҳо намегузорад келин дарвозаро қулф кунад.
“Келин дарвозаро қулф накунед, мабодо имшаб Акбархон биёяду дар кӯча намонад”, - ин сухани пешазхобии модари муштипар шудааст.
Ин модар мегӯяд, “дар намозам, дар ҳар нафаси мекашидаам дуо мекунам, ки Худоё, Акбархони моро дар паноҳат нигоҳ дор ва ӯро зиндаю саломат ба назди аҳли оилааш баргардон!”.
Шарофат Қосимова мегӯяд, ток-шоуи “Жди меня”-и шабакаи НТВ-и Русияро бо умед тамошо мекунад, ки шояд писараш тариқи ин барнома баромад кунаду волидонашро ҷӯяд.
Падари пир мехоҳад ба ҷустуҷуйи писараш равад
Алиҷон Туйчиеви 84-сола падари Акбархони бедаракгашта аст. Мӯйсафед ба солхӯрдагӣ нигоҳ накарда, борҳо кӯшиш карда, ки ба Русия ба ҷустуҷуйи фарзандаш равад.
Ӯ борҳо ба нуқтаи чиптафурушӣ рафта пурсидааст, ки рӯзҳои наздик ба самти Новосибирск (шаҳре дар Русия, ки писараш ба он ҷо сафар кардааст) чипта ҳаст ё не? Падари солхӯрда мехоҳад худаш ба Русия рафта, писарашро ёфта ва ба ватан орад, аммо наздикон аз дилсӯзӣ намегузоранд, ки мӯйсафед дар мулки ғарибӣ сарсон гардад.
Аз ин рӯ, ҳар гоҳ ягон сокини шаҳри Хуҷанд аз муҳоҷират баргардад, Алиҷон Туйчиев бо умед ба наздаш рафта, аз писараш Акпархон пурсон мешавад, аммо то имрӯз касе як пайки нек нарасонидааст.
Пирамард тӯли 20 соли интизории писар ду бор ба инсулт гирифта, вазъи саломатияш хуб нест. Ягона орзуяш дидори фарзанди 20 сол боз бедаракшудааш аст.
“Як бор рӯйи фарзандамро бинам ё садояшро шунавам, мурам ҳам дигар армон надорам”, - бо оби дида мегӯяд падари Акбархон.
Алиҷон Туйчиев барои пайдо кардани писараш - Акбархон борҳо дари тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистонро кӯфтааст, аммо ҳама умедҳояш бенатиҷа анҷомида. Ба аризаҳои ӯ саривақт ҷавобҳои хаттии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омадаанд, вале на он ҷавобе, ки падар интизор дошт.
Дар орзуи падар...
Марҳабо соҳиби ду фарзанд аст ва ба қавли худаш, соли 2003 вақте ҳамсараш ба муҳоҷорат рафту бедарак шуд, фарзандаш кӯдак буданд, аммо имрӯз ҳарду калон ва соҳиби оилаю фарзанд шудаанд.
Ҳоло Марҳабо соҳиби 7 набера аст, лекин аз он рӯҳафтодаву ғамгин мебошад, ки набераҳояш боре ҳам рӯйи бобояшонро надидаанд.
Чаро ҳамсояҳо “зани оҳанин” мегӯянд?
Аксари занҳои ҷавон баъди як-ду соли бедарак шудани шавҳарашон дубора шавҳар мекунанд, то умри ҷавонашон барҳадар нагзарад, вале Марҳабо бо вуҷуди 20 сол боз бедарак будани шавҳараш Акбархон манзили ӯро тарк накарда, хизмати хусуру хушдоманашро ба ҷо меоварад.
Ӯ бо азобҳои зиёд ду кӯдакро бе падар тарбия карда, бо номи нек хонадор намудааст, вале як гӯшаи дилаш аз набудани шавҳараш ҳамоно торик аст.
Ҳамсояҳо ба сабру таҳаммули ин зан қоил шуда, Марҳаборо “зани оҳанӣ” меноманд, зеро чунин занони босабр ва боандешаву пуртамкин дар ҷомеаи мо ангуштшуморанд.