Рӯзи 26 апрел дар Душанбе Анҷумани XIV саратоншиносон ва радиологони кишварҳои ИДМ ва АвруОсиё доир гардид. Дар қатори дигар коршиносон профессори тиб, духтури саратоншиноси дармонгоҳ дар Бизаи Париж Давид Хаят низ дар он маърӯза кард.

Чӣ гуна метавон зарари одатҳои бадро кам кард? Саратон (рак) ва беҳад зиёд ғизо хӯрдан чӣ алоқамандӣ доранд? Ва инчунин, чаро алтернатива ба тамокукашӣ муҳим аст?

Дар ин бора мутахассис ба иштирокчиён ва меҳмонони чорабинӣ муфассал изҳори назар кард.

Профессор Давид Хаят, собиқ президенти Пажуҳишгоҳи миллии саратон дар Фаронса, узви Академияи илмҳои Русия ва инчунин мушовир оид ба коҳиши зарар мебошад. Ҳамчунин профессор муаллифи китоби серхаридор (бестселлер) бо номи "Антираковая диета" (Парҳези зидди саратон) мебошад. Дар ҷаҳон беш аз як миллион нусхаи он фурӯхта шуда, инчунин бо забони русӣ ҳам тарҷума шудааст.

Соли 2002 Давид Хаят мушовири президенти Фаронса Жак Ширак буд. Маҳз дар ҳамин давра дар ин кишвар "Нақшаи миллии Фаронса оид ба мубориза бо саратон барои солҳои 2002-2006"амалӣ карда шуд.

Мувофиқи он, профессор бояд чораҳои зидди тамокукашӣ таҳия мекард. Кор дар ҳамдастӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ сурат гирифта, ба туфайли ин нақша, дар 2 сол арзиши як қуттии сигор дар Фаронса аз 3 то 5 евро афзуд, теъдоди тамокукашон 1,8 млн кам шуда, фурӯши сигор (аз 80 то 55 млрд дона дар як сол) коҳиш ёфт ва инчунин қонун дар бораи манъи тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қабул карда шуд.

Омилҳои хавфи саратон дар Тоҷикистон: тамокукашӣ дар ҷойи аввал

Тибқи маълумоти соли 2016, ки Давид Хаят дар маърӯзаи худ овард, сабаби асосии марг дар Тоҷикистон бемориҳои ғайрисироятӣ (БҒС) мебошанд, ки саратон низ ба онҳо дохил мешавад. Дар Тоҷикистон дар як сол бар асари ин бемориҳо 46 000 нафар фавтидаанд. Аз ин шумора 4,6 ҳазор фавт (10%) ба саратон рост меояд.

Сабаби гирифториҳо ба бемориҳои ғайрисироятӣ истеъмоли тамоку, машғул нашудан ба фаъолияти ҷисмонӣ (28%), фарбеҳӣ (13%), фишори баланди хун (21%) ва истеъмоли намак (14 г дар як рӯз) зикр мешавад.

Ва тамокукашӣ то ҳол, тибқи радабандиҳои солҳои 1990 ва 2019, дар байни омилҳои хавфи саратон дар Тоҷикистон дар ҷои аввал аст.

Омилҳои хатари саратон дар Тоҷикистон

Дар ҷойи дуюм нишондиҳандаи баланди вазни бадан, яъне фарбеҳӣ қарор дошт.

Тавре ки дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” профессор Хаят изҳор дошт, пас аз тамоку ва машрубот (нӯшокиҳои спиртӣ), фарбеҳӣ яке аз сабабҳои асосии саратон мебошад.

"Он ба бемориҳои гуногуни ғайрисироятӣ, аз ҷумла саратон оварда мерасонад. Ин ҷо риояи парҳези дуруст ва истифодаи индекси гликемикӣ хеле муҳим аст. Яъне, истеъмоли он хӯрокҳое, ки ба   ҷудо шудани инсулин оварда нарасонанд, зеро дар ин сурат иштиҳо бедор шуда, шахс ба беҳад зиёд ғизо хӯрдан оғоз мекунад. Аз ин рӯ, вақте ки шахс ба парҳез дуруст муносибат мекунад, бо назардошти ин индекс, ӯ метавонанд вазни худро дар сатҳи муқаррарӣ нигоҳ дорад”, - шарҳ медиҳад мутахассис.

Дар робита ба ин, барои пешгирии саратон, Ассотсиатсияи саратоншиносони Амрико тарзи ҳаёти фаъол (150-300 дақиқа фаъолияти ҷисмонӣ дар як ҳафта), камтар нӯшидани машрубот ва бештар истеъмол намудани мева ва чормағзро тавсия медиҳад.

"Боз як хушхабар ин аст, ки имрӯз доруҳое ҳастанд, ки ба кам кардани вазн ёрӣ мерасонанд. Онҳо хеле муассиранд", - илова мекунад Давид Хаят.

Алтернатива ба ҷои комилан рад кардан

Профессор таъкид мекунад, ки на ҳама одамони дорои одатҳои бад ҳатто барои саломатии худ ба даст кашидан аз онҳо омодаанд. Аз ин рӯ, пас аз чанд соли кӯшиши боздоштани беморон аз ҳамон тамокукашӣ, табибон ба хулосае омаданд, ки беҳтарин роҳи ҳалли он истифодаи навовариҳоест, ки ҳадди ақалл ба кам кардани зарар мусоидат мекунанд. Он "Консепсияи кам кардани зарар"ном дорад.

"Ҳарчанд ин консепсия бори аввал дар солҳои 80-ум пайдо шудааст, он як воситаи хеле пурсамар барои пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла саратон мебошад. Агар одамон аз одатҳои бади худ даст кашида натавонанд, вазифаи мо кам кардани зарар аст", - мегӯяд мутахассис.

Бархе аз одатҳои бад даст намекашанд, зеро онҳо ба истилоҳ ба "маркази лаззат" дар майна таъсир мерасонанд. Масалан, бо нӯшидани машрубот, шахс лаззат мебарад ва баъд онро боз меҷӯяд, аз ин рӯ, ӯ дубора нӯшидан, тамокукашӣ ё беҳад зиёд ғизо хӯрданро оғоз мекунад.

"Дар мавриди тамоку 80% табибон дар саросари ҷаҳон фикр мекунанд, ки никотин ба саратон боис мегардад, аммо ин тавр нест. Никотин ба одат ва вобастагӣ оварда мерасонад, аммо боиси саратон намешавад. Сигори сӯхтаистода зиёда аз 6000 моддаи зараровар хориҷ мекунад, ки 69-тои онҳо кансерогенҳои хатарнок мебошанд. Маҳз ин маҳсулоти сӯзанда ба бемории саратон сабаб мешаванд, ки ба тамокукашӣ алоқаманд аст", - шарҳ медиҳад Давид Хаят.

Зимни маърӯза дар Анҷумани саратоншиносон ӯ зикр кард, ки ҳар қадре инсон ба кансерогенҳои дуди сигор дучор шавад, ҳамон қадр хатари саратон зиёдтар мешавад.

Сурат: Asia-Plus

"Вақте мо дар бораи таъсири кансероген сухан меронем, бояд 2 омилро ба назар гирем – воя (миқдор) ва давомнокӣ. Натанҳо миқдори сигор дар як рӯз, балки давомнокии он низ аҳаммият дорад. Чи қадре ки давомнокӣ зиёдтар бошад, хатари беморӣ низ ҳамон қадр бештар мешавад”, - мегӯяд профессор.

Аммо имрӯз барои онҳое, ки наметавонанд аз тамокукашӣ комилан даст кашанд, роҳҳои алтернативӣ вуҷуд доранд, аз ҷумла сигорҳои электронӣ ва вейпҳо.

“Агар хатар аз сигори одӣ ба 1 нишондиҳанда баробар бошад, пас аз электронӣ - ба 0.02. Дар сигорҳои электронӣ, вейпҳо ва системаҳои гармшавии тамоку маҳсулоти сӯзандаи тамоку мавҷуд нест, ин никотини тоза мебошад. Албатта, наметавон гуфт, ки ин ҷо хатар вуҷуд надорад, лекин он бамаротиб камтар мешавад. Ин девайсҳо ҳамчунин мисли терапияи ивазкунандаи никотин ба даст кашидан аз тамоку ёрӣ мерасонанд”, - мегӯяд Давид Хаят.

Методҳои ба ин монанд аллакай дар кишварҳои рушдёфта, аз ҷумла ИМА ва Британияи Кабир муваффақона истифода шудаанд.

Дараҷаи кансерогенӣ (саратоноварӣ)-и маҳсулоти гуногуни дорои никотин

Оё барои машрубот (алкогол) низ чунин алтернативаҳо вуҷуд доранд? Ба гуфтаи профессор Хаят, ин хел алтернативаҳо нестанд, лекин дар ҳамин ҳолат ҳам миқдорро метавон назорат кард. Дар робита ба май (шароб, вино) бошад, на зиёдтар аз 10 стакан дар як ҳафта, яъне 2 стакан дар як рӯз тавсия дода шудааст. Ва он ҳам на ҳар рӯз.

“Ҳамчун табиб мо бояд байни таъсир ба аҳолӣ ва ба шахси ҷудогона фарқ гузорем. Дар сатҳи аҳолӣ мо наметавонем тарзи носолими ҳаётро таблиғ кунем. Лекин мо бояд ба кумаки аввалияи тиббӣ ба беморон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ин васила хатар ба солимиро дар сатҳи инфиродӣ ба ҳадди ақалл расонем”, - илова намуд Давид Хаят.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.