Тайи рӯзҳои ахир марзбонони Русия дар фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои заминӣ ба таври оммавӣ   вуруди натанҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, балки муҳоҷирон аз Ӯзбекистону Қирғизистонро низ рад мекунанд. Дар ин бора ба “Агентство” ҳомии ҳуқуқ Валентина Чупик хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Русия қаблан ҳеҷ гоҳ чунин ба таври оммавӣ вуруди шаҳрвандони дигар кишварҳоро рад накардааст. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳоло ба ҳеҷ гунае ин вазъро шарҳ надодаанд.

Чупик гуфтааст, боздоштҳои оммавии муҳоҷирон зимни вуруд 24 апрел оғоз гардида, то рӯзи 1 май дар фурудгоҳҳои Русия ҳудуди 4500 нафар ҷамъ шудаанд ва тақрибан ҳамин қадарро дар гузаргоҳҳои заминӣ роҳ надодаанд.

Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ, танҳо аз чор як ҳиссаи боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон, ҳудуди нисфи онҳо - муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ва боқимонда аксаран шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд.

Ҳомии ҳуқуқ изҳор доштааст, ки қисми зиёди боздоштшудагонро дар муддати ду шабонарӯз бозпас мефиристад, лекин дар баъзе ҳолатҳо бозпас баргардонидан метавонад як ҳафта ҳам тӯл кашад.

Шурӯъ аз 24 апрел ҳудуди дусад нафари муҳоҷири дар марзҳо боздоштшуда ба ин ҳомии ҳуқуқ муроҷиат кардаанд. Одамон ба гуфтаи ӯ, шикоят мекунанд, ки ба онҳо хӯроку об намедиҳанд, ба ҳоҷатхона рафтан намемонанд, телефонҳояшонро мегиранд ва “чизеро шарҳ намедиҳанд”.

“Занони рӯймолдор ва мардони ришдори бе муйлабро ба Русия роҳ намедиҳанд, - гуфтааст ҳомии ҳуқуқ. - Дар ҳамин ҳол, аксари касоне, ки бо рад шудан ба вуруд дучор гардидаанд, қаблан барои кор ба Русия омадаанд”.

Ҳомии ҳуқуқ зикр кардааст, ки чунин ихроҷи оммавӣ дар Русия ҳоло набуд.

“Пештар чунин мешуд, ки як ҳавопайморо комилан роҳ намедоданд, лекин он дар як моҳ як бор иттифоқ меафтод, ҳоло бошад, ҳамаро пайдарҳам бозпас бармегардонанд”, - иброз доштааст Чупик.

Расман дар бораи мушкили муҳоҷирон дар гузаргоҳҳои Русия танҳо ВКХ Тоҷикистон хабар дод. Рӯзи шанбе Вазорат ба шаҳрвандони кишвар тавсия дод, ки “аз сафар ба қаламрави Русия тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе зарурат мувақаттан худдорӣ намоянд”.

Ҳамон рӯз ВКХ Русия дар бораи санҷиш дар гузаргоҳҳо дар робита ба амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” изҳори назар кард.

Рӯзи якшанбе ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки 954 шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии “Внуково”-и Русия бидуни фароҳам овардани шароити санитарӣ қарор доранд.

Рӯзи душанбе ВКХ Тоҷикистон “бо изҳори нигаронӣ” аз вазъият ба сафири Русия нотаи эътирозӣ супорид. Рӯзи чоршанбе суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров баргузор шуд. Сироҷиддин Муҳриддин  ба Лавров изҳор намуд, ки чунин бархӯрди манфӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои равобити дуҷониба мувофиқат намекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.