Дар остонаи таҷлили “Рӯзи шашмақом”, ки ҳамасола 12‑уми май баргузор мегардад, китоби “Ворисони шашмақом” аз чоп баромад. Муаллифи он Фурқат Саидзода, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, роҳбари Ансамбли Шашмақоми Кумитаи телевизион ва радио мегӯяд, ин китоб ҳамчун саннад ё ҳуҷҷате аст, ки поягузорони асосии Шашмақом, муҳаққиқон, мусиқишиносони тоҷик ва мақомсароёни тоҷику ӯзбекро ба дигарон муаррифӣ менамояд.

 

Мақсад аз таҳияи китоб

Фурқат Саидзода мегӯяд, барои омода кардани китоб чандин сол заҳмат кашидааст ва мақсади асосӣ пешниҳоди маълумоти мукаммал оид ба санъати “Шашмақом” мебошад.

“Ҳадафи ман танҳо қадр намудани заҳматҳои ходимони фарҳангиву ҷамъиятӣ ва шиносонидани шашмақомсароён ба дилбастагони он буд. Бештари ин нафароне, ки дар китоб дар бораи зиндагиву фаъолияташон маълумот дода шудааст, то ин замон дар донишномаҳову энсиклапедияҳо роҳ наёфта буданд”,‑гуфт Фурқат Саидзода.

Фурқат Саидзода гуфт, ки аз китоби мазкур муҳаққиқон, мусиқишиносон, донишҷӯёни самти фарҳанг ва нафароне, ки ба санъати шашмақомсароӣ таваҷҷӯҳ доранд, метавонанд маълумоти муфассал дарёфт кунанд. Ҳамчунин барои донишҷӯёни бахши фарҳанг дарёфт намудани маълумот дар бораи устодони шашмақомсаро, муҳақиқону  мусиқишиносон дастрас гардид.

 

“Ворисони Шашмақом” муаррифимусиқии Шашмақом

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2000, ҳар сол 12‑уми майро  ҳамчун “Рӯзи Шашмақом” дар Тоҷикистон ҷашн мегиранд. Соли 2003 бо қарори ЮНЕСКО, санъати мусиқии Шашмақом ҳамчун мероси нодири фарҳангии аҳли башар эътироф гардид.

Шашмақом яке аз жанрҳои мусиқии касбӣ ва ашрофӣ давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун шоҳкории мусиқии тоҷикон эътироф шудааст. Чанде қабл оид ба он ки поягузори Шашмақом гӯё яҳудиёни Бухоро мебошанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозира пеш омада буд. Дар баробари ин сомонаи “Википедия” низ дар бахши русӣ онро моли яҳудиёни Бухоро муаррифӣ кардааст.

Фурқат Саидзода

Ин даъворо мусиқишиносони тоҷик рад намуда гуфтанд, ки “дар Шашмақом ду истилоҳ вуҷуд дорад: яке эҷодкор ва дигари овозхон мебошад”. Ба гуфтаи мусиқишиносон, тоҷикон эҷодкунанда ё поягузори ин мусиқӣ ва яҳудиёни Бухоро танҳо иҷрокунанда ё ин ки сарояндаи он ҳастанд.

Фурқат Саидзода мегӯяд, аз рисолаҳо ва таҳқиқотҳои илмии мусиқӣ муайян аст, ки Шашмақом моли тоҷикон аст ва ин нукта ҷойи баҳс надорад.

“Вақте Шашмақом садо медиҳад, аз садову оҳангу сурудҳое, ки аз ҷониби шоирони тоҷик навишта шудаанд, саркарда аз устод Рудакӣ то Абдураҳмони Ҷомӣ ва муносибати шоҳони дарбори Сомониён бо мақомсароӣ, бароямон аниқ мешавад, ки Шашмақом ба кадом миллат тааллуқ дорад”,‑ гуфт Фурқат Саидзода.

Тавре муаллиф қайд кард, дар китоб дар бораи яҳудиёни шашмақомсарои Бухоро, ки шогирдони мақомсароёни тоҷик буданд, дар бораи фаъолиятҳои ҳунарӣ ва заҳматҳояшон дар ин самт, маълумот дода шудааст.

Бояд гуфт, китоби “Ворисони шашмақом” аз панҷ бахш иборат буда, дар бораи зиндагинома ва фаъолияти ҳунарии ходимони давлатӣ, муҳаққиқони мусиқӣ ва устодони шашмақомсарои тоҷику ӯзбек, мусиқишиносони рус, ки барои ба нота кашидани он саҳм гузоштаанд, саромадон ва мусиқидонҳои ҳавзаҳои мусиқии суннатӣ, ҳамчунин дар бораи Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов  маълумот медиҳад.

Дар китоби “Ворисони шашмақом” ҳамчунин аксҳои ходимони барҷастаи давлатӣ, навошиносони ҳавзаҳои мусиқии суннатӣ, устодони варзидаи Шашмақом ва муҳаққиқони мусиқӣ ҷой дода шудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.