Тибқи маълумоти пешакӣ, бар асари офатҳои табиӣ, ки рӯзҳои 5, 10, 17, 18 ва 25 майи соли 2024 дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон рух доданд, 25 манзил осеб дида, 15 хонна пурра вайрон шуданд.
Тавре ки КҲФ хабар медиҳад, ғайр аз ин, аз офатҳои табиӣ бинои 6 муассисаи таълимии миёна ва томактабӣ, 260 км роҳҳои мошингард, 27 пул, 15,2 км хатҳои интиқоли барқ, 0,8 км хатҳои алоқа, 87,7 км иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 92,6 км хатҳои обрасонӣ ва наҳрҳо (каналҳо), 14,7 км селпартоҳо, 2 км шабакаҳои обрасон ва обу корез, 10 пойгоҳи обкашӣ ва иншооти гидротехникӣ ва 1076 га заминҳои кишоварзӣ осеб диданд.
Ба иттилои КҲФ, дар натиҷаи офатҳои табиӣ 137 сар чорвои шохдори калон, 501 сар чорвои майда, 62 паранда, 160 оилаи занбӯрҳо нобуд шуда, ба 26 ҳавзи моҳипарварӣ зарар расид.
“Аз 3 то 26 май дар қаламрави ҷумҳурӣ 256 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, тибқи санадҳои аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳо пешниҳодшуда, ҳаҷми зарар зиёда аз 44 млн сомониро ташкил медиҳад”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.
Бо мақсади роҳандозии корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, бо дастури президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии осебдида 157 ҳазору 70 литр сӯзишвории дизелӣ (солярка), 290 тонна семент, 10100 метри мураббаъ тӯри габионовӣ, 7 тонна арматура, 6700 метр сим ва 10 тонна сими оҳании d-3,5 мм фиристода шуд.
Ба хотири таъмини амнияти аҳолӣ, дар рӯзҳои эҳтимол доштани омадани селҳо 5550 нафар аз минтақаҳои хавфнок муваққатан ба макони амн кӯчонида шуданд.
Бо супориши президент аз ҷониби Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат ба аҳолии осебдида бо маводи ғизоӣ кумак карда шуд.
Дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд Кумита ба 1174 оилаҳои осебдида аз ҷумла бо сӯзишвории дизелӣ, орд, равған, нахӯд, лавозимоти гигиенӣ, ҳабҳо барои безараргардонии оби нӯшокӣ кумак кард.
Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки боз ба 1500 оила ба сифати кумак орду равған, нахӯд, лавозимоти гигиенӣ ва ҳабҳо барои безараргардонии оби нӯшокӣ дода шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста