Ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” аз 5 июн шумори парвозҳоро бо хатсайри Душанбе-Мюнхен (Олмон) зиёд мекунад.
Тавре ки хадамоти матбуоти ширкат хабар медиҳад, парвозҳо ба ин самт акнун ҳафтае 2 маротиба - рӯзҳои чоршанбе ва шанбе анҷом дода мешаванд.
“Парвозҳо аз Душанбе соати 00:10 ва аз Мюнхен - соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо бо ҳавопаймоҳои тамғаи Боинг 737-800 ва 737-900 иҷро карда мешаванд”, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.
Гуфта мешавад, зиёд шудани шумори парвозҳо аз Душанбе ба Мюнхен барои мусофирон ҷиҳати банақшагирии сафари худ бо назардошти навгониҳо дар ҷадвали парвозҳо ба ин самт имкониятҳои бештар фароҳам меорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста