Дар “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” дар Душанбе мутахассисони чинӣ бемории катарактаро ройгон муоина ва ҷарроҳӣ мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар иттилоъ доданд.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом дар доираи барномаи “Экспресс саломатӣ: сафари дурахшон”-и Вазорати тандурустии Чин амалӣ мешавад.
Катаракта ин бемориест, ки ба хирашавии зуҷоҷаи (линзаи оптикии) дохили чашм оварда мерасонад.
Имрӯз, 5 июн, дар ин бора ҷонибҳо дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ созишнома имзо намуданд.

Иқдом аз 31 май то 18 июн идома ёфта, дар ин муддат гурӯҳи кории мутахассисони чинӣ - 4 духтур, 3 ҳамшира, муҳандис ва дигар мутахассисон, беморонро ройгон муоина ва ҷарроҳӣ мекунанд. Дар доираи он 500 нафар бемор бояд ҷарроҳӣ шаванд.
Мувофиқи маълумоти вазорат, то имрӯз аллакай зиёда аз 150 нафар аз муоинаи тиббӣ гузашта, наздики 70 нафар ҷарроҳӣ шудаанд.
Инчунин, баъд аз анҷоми барнома аз ҷониби Чин ба Тоҷикистон таҷҳизот ва маҳсулоти истифодашаванда дар ҳаҷми 1 миллион юан (ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ) ҳамчун кӯмаки башардӯстона тақдим мегардад.
Сокинони шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар метавонанд то 18 июн ҳамарӯза аз соати 8:00 то 17:00 барои муоинаи ройгон ба “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” дар Душанбе муроҷиат кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста