Дар нимсолаи аввали соли 2024 камшавии сафи нашъамандон дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе директори Агентии назорати маводи нашъаовар Самад Зафар хабар дод.
Зикр шуд, ки дар давраи мазкур дар ҷумҳурӣ 4066 афроди гирифтор ба нашъамандӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 117 нафар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, миёни занон сафи нашъамандон 6 нафар зиёд шуда, ба 109 нафар расидааст.
Бино ба маълумоти Агентӣ, ба 100 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон 40,7 афроди нашъаманд рост меояд.
Директори Агентӣ изҳор намуд, ки барои пешгирии нашъмандӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, бо вазорату идораҳои гуногун ҳамкории фаъолона ба роҳ монда шуда, бо аҳолӣ вохӯриҳову семинар, мизи гирду чорабиниҳои ҷамъиятиву фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста