Давоми 6 моҳи аввали соли 2024 дар вилояти Суғд 12 ноболиғи то 17-сола ҳомила шуда, 6 нафари онҳо аллакай таваллуд кардаанд. Дар ин бора Раъно Рустамова, сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба иттилои ӯ, ноболиғони ҳомила дар шӯъбаи тиббӣ - машваратии ҷавонон, ки дар заминаи Маркази солимии репродуктивии вилоят ҷойгир аст, давраи ҳомилагиро мегузаронанд.
“Ҳамаи онҳо зери назоратанд. Ҳамчунин, аз ин ҳолат мақомоти ҳифзи ҳуқуқ огоҳ карда шудаанд”, - гуфт Раъно Рустамова.
Ӯ мегӯяд, ин “модарони ноболиғ” бо назардошти урфу одати миллӣ дар таваллудхонаи вилоятӣ ҷойгир шуда, онҷо таваллуд хоҳанд кард. Зеро, тибқи қонун ҳомилагии онҳо иҷозат набуда, метавонанд боиси хушунат нисбати ин ноболиғон шавад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон духтарони то 18-сола бар асоси қонун ноболиғ дониста мешаванд ва ҳаққи шавҳар кардан ё ҳомидар шуданро надоранд. Дар сурати ошкор шудани ҳомилагии онҳо, омилони он муҷозот хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, ҷомеаи суннатии тоҷик ҳам ҳомилагии ноболиғонро қабул надорад ва маҳкум мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста