Аз имрӯз, 1 август дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳои толибилмони синфи якум барои соли хониши 2024-2025 оғоз шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар доданд.

Барои қабул ба мактаб ҳуҷҷатҳои зерин заруранд:

- ариза барои қабул ба мактаб;

- корти тиббии кӯдак аз дармонгоҳи маҳалли зист;

- маълумотнома (справка) аз ҷойи зист;

- маълумотнома аз ҷойи кори ҳадди ақалл яке аз волидон;

- шаҳодатномаи таваллуди кӯдак;

- ду дона расми 3х4-и кӯдак.

Дар Вазорат зикр карданд, ки мисли пешин кӯдакони синнашон 6-сола имсол ба мактабҳо қабул карда намешаванд. Тибқи қонун “Дар бораи маориф”, танҳо кӯдаконе, ки синни 7-соларо пур кардаанд, ба синфи якум қабул мешаванд.

Ба ин тариқ, гуфтанд дар Вазорат, имсол ба синфи якуми мактабҳо кӯдакони то 31 декабри соли 2017 таваллудшуда қабул мешаванд. Агар кӯдак 1 январи соли 2018 таваллуд шуда бошад, ӯро ба синфи якум қабул намекунанд.

Мувофиқи фармони вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, бевосита пеш аз оғози соли хониш хонандагоне, ки ба синфи якум қабул мешаванд, аз давраҳои мутобиқат ба таҳсил мегузаранд, ки аз 12 то 23 август давом мекунад.

Дар Вазораии маориф шарҳ доданд, ки дар доираи давраи машғулиятҳои шиносоӣ бо кӯдакон бо онҳо суҳбатҳо гузаронида шуда, тариқи бозиҳо фаҳмонида мешавад, ки минбаъд вақти онҳо дар мактаб чӣ гуна сипарӣ мегардад.

Сокинони Душанбе аризаро метавонанд тариқи барномаи «eDonish» пешниҳод кунанд

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбеба “Аия-Плюс” хабар доданд, ки сокинони Душанбе дархости қабул ба синфи якумро метавонанд тариқи барномаи электронии «eDonish» пешниҳод кунанд.

“Волидайнро лозим аст, ки замимаро ба телефон боргирӣ (скачать) карда, бо зикри маълумоти шахсӣ (ному насаб ва соли таваллуди кӯдак), мактаби интихобшуда, суроғаи зист, рақами телефонҳо ва маълумоти шиноснома аризаи электрониро пур кунанд, - гуфт манбаъ. - Пас аз ин маркази таҳлилии Раёсат аризаро баррасӣ намуда, бо волидайн дар тамос мешавад”.

Дар Раёсат зикр карданд, ки сипас бо кӯдак суҳбат гузаронида мешавад.

Сурат: Asia-Plus

“Пас аз ин раҳбарияти мактаб мустақилона шакл, метод ва навъҳои санҷиши кӯдаконро муайян мекунад. Аммо ҳамааш ба вазифаҳои мантиқӣ асос меёбад. Яъне кӯдак ба ҷуз аз ёд донистани шеърҳо, бояд ҳадди ақалл то 30 ҳисоб карда тавонад, номи фаслҳои сол, сабзавоту мева ва шаклҳо (фигураҳо)-ро донад. Метавонанд ҳамчунин доир ба аъзои оила саволҳо диҳанд”, - гуфтанд дар Раёсат.

Зимнан зикр мешавад, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.

«Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад”, - таъкид мешавад дар хабари Вазорати маориф.

Гуфта мешавад, дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояташонро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод намоянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.