Филиали ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон ба наздикӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ кори 6 нуқтаи нави нерудиҳӣ барои мошинҳои барқӣ (электромобилҳо)-ро ба роҳ мемонад. 

Тавре ки аз ширкат хабар доданд, нуқтаҳои мазкур дар километрҳои 11, 15 (ноҳияи Варзоб), 107, 130 (ноҳияи Айнӣ), 284 (ноҳияи Ҷаббор Расулов), 300 (шаҳри Хуҷанд)  ва 322 -юм (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров)   ҷойгир шуда, дар онҳо барои неругирии автомобилҳо тамоми шароит фароҳам хоҳад шуд.

Дар ширкат зикр мекунанд, ки чанде пеш дар дар воситаҳои ахбори омма ронандагони ин намуди автомобил аз набудани нуқтаҳои нерудиҳии электромобил дар роҳи Душанбе – Чаноқ нигаронӣ карда буданд.

"Барои фаъолияти пурмаҳсули нуқтаҳо 60 адад таҷҳизоти нерудиҳӣ бо иқтидори 180 киловат ҳар кадом ворид карда шудааст. Дар ҳар як  нуқтаи хизматрасонӣ  аз 5 то 10  таҷҳизоти нерудиҳӣ насб мешавад, ки ҳар кадом бо ду хати нерудиҳӣ метавонад дар як вақт то 20 электромобилро бо неруи барқ таъмин намоянд", - омадааст дар хабари ширкат.

Фаъолияти нуқтаҳо хатҳои барқи барқ ва трансформаторҳои  истифодаи умум сарборӣ эҷод намекунанд.  Барои пешбурди фаъолияти нуқтаҳо трасформаторҳои шаҳру навоҳӣ истифода нашуда, аз ҷониби “IRS” хати алоҳидаи интиқоли барқ  кашида шуда, трасформаторҳои замонавии пуриқтидор насб хоҳанд шуд.

Пардохти маблағи нерудиҳии автомобил низ хеле қулай буда,тавассути qr –код аз тариқи spitamenpay (замимаи яке аз бонкҳои пешсафи мамлакат)  ва замимабарномаи филиали Ширкат  - Irs UltraEvs имконпазир аст.

Ба ғайр аз ин шаҳрвандон метавонанд аз нуқтаи зикршуда кортҳои амалисозии пешпардохтро дастрас намуда, онро мунтазам (дар заминаи пур намудани суратҳисоб) истифода намоянд.

Дар нуқтаҳои мазкур технологияи пешрафтаи пархохти ҳаққи  истифодаи неруи барқ ва ҳисобкунакҳои электронии низоми CТ – VТ  насбу истифода шуда, тариқи дақиқияти истифодаи  неруи барқ таъмин ва талафоти он пешгирӣ мегардад. Ч чунин технология дар кишвар назир надошта, аввалин маротиба аз ҷониби “IRS”  роҳандозӣ хоҳад гашт. Ин нуқтаҳо хатҳои уфуқӣ, камераҳои мушоҳидавӣ ва бунгоҳи назоратӣ дорад.

Гуфта мешавад, роҳбарияти “IRS”  тасмим доранд, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳое, ки роҳи Душанбе – Чаноқ аз онҳо мегузарад чунин нуқтаҳоро ба истифодаи сокинон вогузоранд.

Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон, ки дар асоси шартномаи конссесионӣ бо ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст, Оператор оид ба нигоҳдорӣ ва хизматрасонии роҳи Душанбе - Чаноқ маҳсуб меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.