Аз охири моҳи сентябр дар Сирки давлатии Душанбе таҳти унвони “Панҷ қитъа” (Пять континентов) намоиши ҳунармандони сирк аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оғоз мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маъмурияти сирки пойтахт хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, аз 28 сентябр то 27 октябр ба тамошобинон ҳунарнамоиҳои артистону ромкунадагони ҳайвонот аз кишварҳои гуногуни ИДМ бо иштироки палангу шер, хирс, асп ва ғайра намоиш дода мешаванд.

Ҳамчунин дар барнома ҳунарнамоии чашмбандон (иллюзинонистҳо), гимнастҳо ва масхарабозон ба нақша гирифта шудааст.

Билетҳо аллакай аз имрӯз, 26 август ба фурӯш бароварда шудаанд. Онҳоро аз соати 9:00 то 18:00 дар кассаҳои сирк харидан мумкин аст.

Арзиши билетҳо аз 60 сомонӣ (дар қаторҳои охир) то 80 сомонӣ (дар қаторҳои аввал) муқаррар шудааст.

Дар сирк зикр карданд, ки муфассалтар дар бораи барномаву ҳунармандон наздиктар ба санаи оғози намоишҳо маълумот дастрас мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.