Додгоҳи шаҳри Конибодом чор писари мардеро муваззаф кардааст, ки ба падари хеш ҳар моҳ алимент ва ё маблағ барои парасторӣ пардохт кунанд.
Оятулло Раҳматзода, сардори раёсати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба “Азия - Плюс” аз ин сокини шаҳри Конибодом А.М. ном бурда, гуфт, ки ӯ тариқи додгоҳ аз чор фарзандаш алимент хостааст.
“Ин писарон солҳои оххир падарро парасторӣ намекардаанд. Ин падар ҳам бо иллати пиронсолӣ наметавонад зиндагияшро мустақилона пеш барад. Бо ин далел, ӯ аз болои чаҳор писараш ба додгоҳи шаҳри Конибодом шикоят бурдааст”, - гуфт ӯ.
Ба иттилои Раҳматзода, додгоҳ талаби ин мардро қонеъ карда, писаронро муфаззаф намудааст, ки ба падарашон ҳар яке 150 сомонӣ, ҷамъ 600 сомонӣ дар як моҳ пардохт намоянд.
Дар умум, раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд давоми сол 7 қарори додгоҳро барои рӯёнидани алимент аз ҳисоби фарзандон ба манфиати падару модар ва ё бобову бибӣ амалӣ кардааст.
Бояд гуфт, ин омор солҳои қабл расонаӣ намешуд ва сабаби инро Раҳматзода ба урфу одати тоҷикон рабт дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста