Эҳсон Ҳомидов, директори Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар посух ба як матлаби “Asia-Plus” оид ба тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтани Сӯҳроб Шехов, саркоргардон ва Фаёзҷон Бойматов, ҳунарманди ин театр, иттилоъ дод, ки саркоргардон “бо сабаби вазъи номусоиди оилавӣ” аз вазифа озод карда шуд.
“Санаи 2-юми августи соли 2024 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки саркоргардони театри мазкур Сӯҳроб Шехов ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта, балки дар рухсатии меҳнатӣ қарор дорад. Дар он замон воқеан ҳам саркоргардони театр Сӯҳроб Шехов дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошт.
Сӯҳроб Шехов бо сабаби вазъи номусоиди оилавӣ 5-уми августи соли 2024 бо хоҳиши худ аз вазифа озод карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Суҳроб Шехов дар Театри давлатии масҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси саркоргардони театр солҳои 2017 -2024 фаъолият бурдааст”, - гуфта мешавад дар вокуниши директори Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки 30-юми август ба хабарнигори “Asia-Plus” дар вилояти Суғд ирсол шудааст.

Матлаби “Asia-Plus” бо номи “Бехонагӣ ва беқадрии ҳунарманд. Чаро саркоргардони театри Камоли Хуҷандӣ тарки пеша кард?” дирӯз, 29-уми август нашр шуд ва дар он Сӯҳроб Шехов сабаби тарки пеша карда, ду моҳ ин ҷониб ба муҳоҷират рафтани худро ба гаронии иҷорапуливу вазнинии зиндагӣ ва дастгирӣ наёфтан аз сӯйи ҳукумати вилоят рабт дода буд. Фаёзҷон Бойматов ҳам зикр карда буд, ки “бо сабаби камии маош ва шароити вазнини зиндагӣ тарки пеша кардааст”.

Дар матлаби нашркардаи “Asia-Plus” ҳамчунин, назари Эҳсон Ҳомидов, директори Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки 2-юми августи соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, дарҷ гардида буд. Он замон ӯ гуфта буд, ки Сӯҳроб Шехов “ҳоло низ дар рухсатӣ аст, на дар муҳоҷирати меҳнатӣ”.
Аммо дар вокуниши Эҳсон Ҳомидов “вазъи номусоиди оилавӣ”-и саркоргардон, даъвои ӯ оид ба сабаби воқеии тарки пеша карда, ба муҳоҷират рафтанаш, ки дар матлаби нашргардида зикр мешавад, шарҳ дода нашудааст.

Ҳамчунин, дар оид ба гуфтаҳои Фаёзҷон Бойматов, ҳунарманди дигари ин театр низ шарҳе пешниҳод нашудааст.
Дар ҳамон нишасти матбуотии ахир Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд тасдиқ кард, ки аз мушкили иҷоранишинии Сӯҳроб ва муроҷиатҳои ӯ ба ҳукумати вилоят огоҳ буд ва ба ӯ маслиҳат дод, ки боз соле сабр кунад.
“Замоне Сӯҳроб намоишҳои театриро ба хориҷа бурд, раиси вилояти Суғд харҷоти онро пардохт карданд. Боварам буд, дар масъалаи таъмини хона низ дастгирӣ мекарданд, аммо Сӯҳроб сабр накарду рафт”, - гуфт ӯ.
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста