Дар Душанбе аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ 20% зиёд карда мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс”” аз корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон”.
Зикр шуд, ки ин тасмим барои он гирифта шуд, ки баъди чанд рӯз соли нави хониш оғоз гардида, теъдоди мусофирон ба таври назаррас зиёд мешавад. Қобили зикр аст, ки ин таҷриба чандин сол роиҷ аст.
Айни замон дар роҳҳои шаҳр 305 автобус равуо дошта, аз 1 сентябр шумори онҳо ба 375 адад расонида мешавад. Мутаносибан шумори троллейбусҳо аз 55 адад то 75 адад зиёд карда мешавад.
Дар робита ба микроавтобусҳо (маршруткаҳо) бошад, ҳозир шумори онҳо 950 ададро ташкил медиҳад ва аз 1 сентябр боз 100 микроавтобуси дигар илова мешавад.
Шумори таксиҳо аз 3200 адад то 3350 адад зиёд карда мешавад, яъне 150 адад таксии дигар зиёд карда мешавад.
Дар назар аст, ки ин шумори нақлиёти ҷамъиятӣ барои қонеъ намудани талаботи сокинони шаҳр кофӣ хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, дар корхона зикр карданд, ки агар ин тадбирҳо барои хидматрасонии муосир ва бароҳати сокинни шаҳр кофӣ нашавад, дар мавриди боз зиёд кардани шумори нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки сокинони Душанбе аллакай ҳозир аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе хатсайрҳо арзу шикоят мекунанд. Бо оғози соли нави хониш вазъ метавонад боз ҳам мушкилтар шавад.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста