Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши журнали синфро барои соли хониши 2024-2025 эълон кард. Соли ҷорӣ барои пешгирии фурӯши он дар мағозаву дӯконҳои савдои китоб ҳар як номгӯйи он рақамгузорӣ шудааст.
Тибқи фармоише, ки Вазорати маориф ва илм ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ирсол кардааст, барои хонандагони синфҳои 1-4 арзиши журнали синф 38 сомонию 80 дирам ва барои хонандагони синфҳои 5-11 он 42 сомонию 51 дирам муайян шудааст.
Бояд гуфт, тибқи банди 9-и дастури “Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ” Вазорати маориф ва илми кишвар бо назардошти фоизи сесолаи беқурбшавии асъори миллӣ ва барои пардохти хароҷоти зарурӣ оид ба нигоҳдории Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ 10% ба арзиши китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ илова намуда, бо фармоиши худ ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол кардааст.
Дар поёни саҳифаи охири журнали синф барои синфҳои 1-4 нархи он 35,2 сомонӣ ва барои синфҳои 5-11 38,6 сомонӣ навишта шудааст. Вале бо назардошти талаботи банди 9, ки дар боло зикр шуд, нархи журнали синф барои соли хониши 2024-2025 муайян гардидааст.
Соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии фурӯши журнали синф дар мағозаву дӯконҳои савдои китоб ҳар як номгӯйи он мувофиқи тавсифномаи техникӣ ба таври алоҳида рақамгузорӣ карда шудааст.
Пули журнали синф аз ҳисоби суратҳисоби махсуси худи муассисаҳои таълимӣ бояд пардохт карда шавад, на аз ҳисоби волидони хонандагони мактаб.
Журнали синф ҳуҷҷати давлатӣ буда, он барои як соли таҳсил пешбинӣ мешавад.
Солҳои қаблӣ ҳолатҳои ҷамъоварии маблағ аз хонандагон барои журнали синф мушоҳида мешуд, ки дар аксар ҳолат боиси эътирози сокинон мегашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста