Маркази миллии тестии Тоҷикистон аз оғози давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои ширкат дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои олиро эълон кард. Ин ниҳод гуфт, давраи сеюми бақайдгирӣ аз дирӯз, 2-юми сентябр оғоз ва то то 15-уми сентябр давом мекунад.
ММТ барои бақайдгирии довталабон дар ин давр дар 10 шаҳру ноҳия – Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар – Норак, Роғун, Турсунзода, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Ёвон, Қубодиён, Шаҳритус, Нуробод, Лахш, Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Ховалинг, Фархор, Ҳамадонӣ ва Темурмалик нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъол кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд:
- шахсоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд;
- довталабони дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо (даврҳои якум ва дуюм) иштирок накардаанд;
- довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, яъне аз як ё якчанд субтест ба холи гузариш соҳиб нашудаанд;
- довталабони дар асоси яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ комёбшудае, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд;
- довталабоне, ки дар асоси дар яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагӣ аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанд, вале бинобар гирифториашон ба бемориҳое, ки шахсони ба онҳо мубталогашта ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд, ба ин муассисаҳои таълимӣ қабул нашудаанд.
Дар даври сеюми бақайдгирӣ ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабули донишҷӯён баъд даврҳои якум ва дуюм холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешавад.
“Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд”, - гуфтааст ММТ.
Рӯйхати ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои даври сеюми бақайдгирии довталабон пешниҳод мегардад, дар сомонаи МММТ гузошта шудааст.
Маркази миллии тестӣ бори дигар падару модаронро огоҳ кардааст, ки аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ огоҳии кофӣ дошта бошанд ва “ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсир расонида наметавонад”.
Тибқи нақша, довталабоне, ки дар даври сеюми бақайдгирӣ худро номнавис мекунанд, имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар даври сеюм – 22 сентябр месупоранд.
Дар ин даври бақайдгирӣ ба довталабон 8 шаҳру ноҳия – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ пешниҳод карда мешавад, ки онҳо якеро интихоб карда метавонанд.
Инчунин барои довталабоне, ки дар ин давр ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро интихоб мекунанд, имтиҳонҳои мазкур – қисми В аз 19 то 20 сентябр дар муассисаҳои таълимии дахлдор гузаронида мешаванд.
Арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 230 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар ин давр пардохтшаванда 30 сомонӣ аст. Маълумоти муфассал дар бораи маблағи хидматрасонӣ дар ИМД-2024, аз ҷумла дар бораи шахсони дар пардохти ин маблағ имтиёздошта дар зер оварда шудааст.
Ёдрас бояд кард, ки давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) - 2024 аз 1-уми март то 30-юми апрел давом карда буд. Баъдан ММТ ин мӯҳлатро боз то дуюми май дароз кард.
Бояд гуфт, ки имсол бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар чаҳор давр баргузор мегард. То соли 2022 се даври марҳилаи бақайдгирӣ вуҷуд дошт.
Давраи сеюми бақайдгирии довталабон дар асоси ҷойҳои холимонда гузаронида мешавад. Аммо дар давраи чоруми бақайдгирӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Дар ин давр танҳо ду шакли таҳсил, ғоибона ва фосилавӣ пешбинӣ карда шудааст.
Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки теъдоди довталабон дар ММТ коҳиш меёбанд.
Коршиносон омили коҳиши довталабонро ба қабули қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ рабт медиҳанд, ки ҳамакнун даъвати магистрантҳоро низ ба хидмати ҳарбӣ имконпазир кард. Таъкид мешавад, ки коҳиши теъдоди довталабон боиси маҷбур кардани хатмкунандагон барои иштирок дар имтищонҳои дохилшавӣ шудааст. Аммо масъулин сабаби кам шудани довталабонро ба коҳиш ёфтани теъдоди хатмкунандагон рабт медиҳанд.
Дар 10 тавассути Маркази милли тестӣ беш аз 478 ҳазор довталаб ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо (омор барои хатмкунандагони синфи 11)-и кишвар дохил шуда, 363 ҳазор довталаб муваффақ нашудаанд.
Маркази миллии тестӣ дар тӯли 10 фаъолияташ чӣ кор кард, дар ин маводи мо хонед.
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста