Ҳамасола 4 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Таърихи ин ҷашн аз гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар санаи 4-уми сентябри соли 2007 оғоз гардидааст.
Бахшида ба рӯзи китоб феҳристи 10 асари насриеро, ки тӯли бист соли охир нашр гардидаву хондани он барои ҳар сокини кишвар манфиатовар аст, таҳия намудем. Ин феҳрист тавсиявӣ буда, зимни таҳияи он пешниҳодоти мунаққидону адабиётшиносон ва намояндагони соҳаи адабиёт аз Иттифоқи нависандагон, Энсиклопедияи миллӣ ва алоқамандони китоб ба эътибор гирифта шудааст.
“Сармаддеҳ”-и Баҳманёр Аминӣ
Романи “Сармаддеҳ” қуллаи эҷодиёти Баҳманёр маҳсуб меёбад. Он аз силсилаҳикоёти ба ҳам пайванд, ки дар деҳе бо номи Сармаддеҳ ба амал меоянд, иборат буда, ду китобро дарбар мегирад, ки нахустинаш соли 2002 ва дуввумӣ соли 2014 дастраси хонандагон шуд.
Баҳманёр Сармаддеҳро бо одамону мавҷудоту махлуқоташ, бо гузару кӯчаву тангкӯчаҳояш, бо чашмаҳову рӯдҳояш, бо кӯҳу тангиву ҷариву кӯяву камарҳояш дар тахайюли худ сохтаву бофтааст. Бошандагони Сармаддеҳ ҳеҷ гоҳ аз роҳу равиши худ берун намеоянд ва муаллиф барои ҳар яки онҳо луғат, тарзи тафаккур ва ҳатто гуфтору рафтори мушаххас эҷод кардааст. Баҳманёр мегӯяд, “ҳар яки онҳоро хуб мешиносам ва медонам, ки бояд чӣ гӯянду чӣ кор кунанд”.
Романи “Сармаддеҳ” бо “Шоҳаншоҳ” дар як муҷаллад дар бистҷилдаи адабиёти тоҷик аз ҷониби нашриёти “Адиб” ба табъ расида, дар Озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол – 2013” ғолиб омад ва муаллиф бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.
“Гардиши девбод”-и Абдулҳамид Самад
“Гардиши девбод” яке аз бузургтарин асарҳои нависанда Абдулҳамид Самад буда, аз ду қисм иборат аст. Талошу андешаҳои қаҳрамонҳои ормонии нависанда дар ин асар хонандаро ба рӯзгори пурҳодиса, сарнавишту талош, далерӣ ва ишқу армони қаҳрамонҳои ватанпарасту миллатдӯст дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдат ошно месозад.
Муаллиф дар қисмати дувуми ин асар пеши худ мақсад гузоштааст, ки дар радифи қаҳрамонҳои қисми аввали романи “Гардиши девбод” шахсиятҳои армониеро аз ҳикояҳои “Ду гусел”, “Ҳазл”, қиссаҳои “Баъд аз сари падар”, “Парончакҳо”, романи “Косаи давр” дар он рӯзҳои доғ, айёми сарнавиштсӯзу сарнавиштсоз ба майдони фаъолият бикашад ва онҳоро ба хонанда рӯ ба рӯ намояд.
“Ҳайҷо”-и Ӯрун Кӯҳзод
“Ҳайҷо” романи Ӯрун Кӯҳзод буда, байни солҳои 2005-2014 нигошта шудааст. “Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем?” Баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Дар ин маҷмӯа талош ва кӯшише ба кор рафтааст, ки масоили рӯзгору афкори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар, дар заминаи ҷавоб ба ҳамин се савол, мавриди андеша ва гуфтугӯ бо нигоранда ва хонанда қарор бигиранд.
“Сакарот”-и Гулрухсор
Романи “Сакарот” бузургтарин асари мансури шоираи халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева аст, ки дар тӯли тақрибан 20 сол навишта шуда, соли 2009 нашр гардид. Дар роман услубҳои тасвирии фоҷиаву мазҳака ба ҳам даромехта, драматизми ҷараёни сужаро таъмин намудаанд. Дар оғози китоб Гулрухсор навиштааст: “Оқибат ба поёни асаре, ки 18 соли умрам сарфи навиштанаш шуд, се нуқта гузоштам. Кор гўиё дар болои романи “Сакарот” ба поён расид, аммо андешаи онро офаридан оғозу анҷом надорад. Заҳмати чандинсола дар иншо намудани ин асари мушкилэҷод исбот кард, ки дар ифшои асрори асорату озодӣ, муҳаббату нафрат, зиштиву зебоӣ, сиёҳу сафед, сеҳру эъҷоз, розу ниёз, ваҳшату даҳшат…, адабиёт аз зиндагӣ ба масофаи байни замину осмон дур афтодааст…”
“Киштии нӯҳ”-и Юнус Юсуфӣ
Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ аз муҳите нақл мекунад, ки ҳарфи ҳақро касе намешунавад, дар муҳити фасодолуда шахси покдасту покрафтор мақом ва ҳарфаш вазне надорад. Аммо нокасоне, ки ришва медиҳанду даст ба фасод доранд, болонишинанд, чархи рӯзгор ба коми эшон давр мехӯрад. Ӯ аз паёмадҳои нохуши чунин падида ҳушдор медиҳад.
Нависанда аз ҷойи по ёфтани аҷнабиён дар ҷомеаи мо ва соҳиб шуданашон ба захираҳои моддии мо дар ҳарос аст. Ва моро ҳушдор медиҳад, агар чунин бепарвоӣ аз ҷониби мо соҳибватанон идома кунад, мушкили сахте бар сарамон хоҳад омад.
Забони асар шевову равон аст. Ҳарчанд қаҳрамони асар - Меҳрафрӯзи Озар барои адолат мубориза мебарад, аммо дар охир ӯро шахси манфиатдор ва ронандаи аҷнабӣ зери бели булдозер мекушад. Дар охир нависанда аз қонуни бумеранг кор мегирад. Онҳое, ки сабабгори вайронии табиат ва марги Меҳрафрӯз шуда буданд, дар пайи суқути чархбол кушта мешаванд.
“Оташ дар хонаи қадим”-и Мирзонасриддин
“Оташ дар хонаи қадим” романи нависанда Мирзонасриддин Саидзода буда, ба воқеаҳои аввали асри ХХ, яъне суқути Аморати Бухоро ва давраи пурфоҷиаи ғасбкориҳои болшевикон дар сарзамини мо бахшида шудааст.
Асар аз тасвири зиндагии як марди самарқандӣ бо номи Мансур оғоз мешавад. Мансур қаҳрамони асосии асар буда, нависанда дар атрофи образи Мансур воқеаҳоро тасвир намудааст. Ҳамчунин истилои шаҳри Бухоро аз тарафи болшевикон, муқовимати ҷадидон барои бомбборон нашудани Бухоро, омили шикасти ин муқовимат, ҷангҳои Анварпошшо, Иброҳимбек ва дигар сарони “босмачиён” дар асар тасвир шудааст.
Муаллиф дар солҳои “Тройка”-и Сталинӣ чӣ гуна кушта, ҳабс ва бадарға шудани мардумро нишон дода, аз забони яке аз бадарғашудагон, ки солҳо дар ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалисти Бухоро ва ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ кор карда буд ва дар охир пушаймон шуд, як воқеаи бузурги таърихиро нишон додааст.
Барпошавии колхоз, чӣ гуна замин, чорво ва хонаҳои мардумро тороҷ кардани болшевикон низ яке аз масъалаҳои муҳими асар аст. Ҳамчунин муаллиф муҳоҷирати мардум ва ҳаёти онҳоро дар Афғонистон, вазъи гурезагон дар он кишвар ва чӣ тавр аз гуруснагӣ ва ночорӣ кӯдакони хешро дар ҷангалҳои Афғонистон партофтани мардумро тасвир намудааст.
Дар асари баъдии худ - "Нони шарикӣ" низ муаллиф ин мавзӯъро идома додааст, ки атрофаш вокунишҳои гуногун ба вуҷуд омад.
“Фаришта дар дӯзах”-и Соҷидаи Мирзо
"Фаришта дар дузах" нахустин романи журналисти маъруфи тоҷик Соҷидаи Мирзо аст. Романи “Фаришта дар дӯзах” аз сарнавишти духтаре ҳикоят мекунад, ки бархурдҳои ноҷо аз муҳити қолабӣ дар баробари як зан ӯро ба моҷароҳои боварнокарданӣ гирифтор кард. Танҳо гуноҳаш ин буд, ки бахт ба рӯйи ӯ нахандиду талабгори зиёд надошт ва дар хонаи падар монд. Падар ба ӯ рӯи хуш намедод ва рӯзгорашро сиёҳ мекард. Саранҷом, аз тарси “ҳарфи мардум” зиндагии духтарашро гӯё “сомон” дод ва ӯро бо як издивоҷи аҷӯлона ба гирдоби ғарибӣ, хориву зорӣ ва таҳқиру таҷовуз афканд. Дар он кишвар, ки аз қаҳрамони роман бардаи зархарид ва “ғариба” ном мебурданд, ӯ оташи дӯзахро дар ҷони худ имтиҳон кард.
Ин китоб соли 2022 ба теъдоди 1000 нусха нашр гардида, аз ҷониби муаллиф ройгон ба хонандагон тақдим гардид.
“Регистон”-и Шаҳзодаи Самарқандӣ
"Регистон" романи адиб ва хабарнигори маъруф Шаҳзодаи Самарқандӣ аст, ки ҳоло дар Ҳолланд кору зиндагӣ мекунад. Ин китоб дар бораи тобистоне қисса мекунад, ки Шӯравии собиқ фурӯ пошид ва он вақт тоҷикони Самарқанд дар чӣ ҳол буданд. Ин достони таърихӣ нест ва фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар доираи робитаи ошиқонаи як духтари самарқандӣ бо устод ва дӯсти дигараш баён шудааст. Худи муаллиф дар таърифи асар чунин гуфтааст: "Як достони ошиқонаи сегона ҳаст. Дар ин асар тасвир шудааст, ки инҳо дар фазои пулисиву амниятии Шӯравӣ чӣ гуна ба якдигар кӯмак мекунанд, чӣ гуна талош мекунанд, ки мушкилоти якдигарро бартараф намоянд".
“Пойҳо ва рӯйҳо”-и Абдулқодири Рустам
“Пойҳо ва рӯйҳо” асари нависанда Абдулқодири Рустам буда, соли 2013 навишта шудааст. Китоб бо сабку услуби хос ва забони равон навишта шуда, хонанда то охири асар наметавонад онро раҳо кунад. Нависанда ба дӯши хонандаи хеш бори сангине гузошта, мухотабро ба вазъи муҳити кишвари ҷангзада ворид мекунад ва бо ваҳшонияти замони ошӯбҳо шинос менамояд. Мавзӯи меҳварии роман масъалаи тарс ва озодӣ мебошад.
Муаллифи роман тавонистааст, ки дарди миллат ва ҷомеаро ба таҳлил кашад ва заъфҳои хислатҳои миллиро дар амал ва сарнавишти қаҳрамонҳои асар устокорона тасвир намояд. Ҷаҳолату маърифат, ғуруру худкамбинӣ, садоқату ҳамоқат, ҷавонмардиву ноҷавонмардӣ дар хислатҳои қаҳрамонони асар ба ҷилва омада, арзиш ва зидарзишҳоро ба таври барҷаста тасвир менамоянд ва монеаҳои пешорӯи рушди миллатро ошкор мекунанд.
Қаҳрамони аслии роман Тоҳири Аслизода тимсоли миллати азияткашидаву осебдидааш аст, ки аз ҳисси тарс худашро дар зерзамин ҷой мекунад. Ӯ дар давоми чанд соати рӯзи охирини маҳбусияш ҳаштсаду панҷ рӯзи дар зерзамин ба сар бурдааш ва воқеаву ҳодисаҳои қаблан ба сараш омадаро ба ёд меорад ва батадриҷ ба хулоса мерасад, ки озодии шахс аз ҳар чизе болотар аст. Ӯ дар ниҳоят бар тарси худ ғолиб меояд ва маҳбаси ихтиёрии худро тарк мекунад. Паёми рӯшани муаллиф ба мухотаб дар ҳамин ҷумла аст. Ӯ орзу дорад, ки миллаташро озоду сарбаланд бубинад.
“Саройи санг”-и Ато Мирхоҷа
Романи “Саройи Санг” аввалин асари калонҳаҷми насрии Ато Мирхоҷа аст, ки соли 2018 нашр шуд. Ин романи таърихиест аз сарнавишти мардуми Бадахшон, тасвири бадеии ҳаводиси пурпечутоб ва лаҳзаҳои фоҷеаборе, ки ғосибон ба сари мардуми кӯҳистон оварда буданд. Аз боб ба боби дигар тасвирҳо рангинтар ва шавқовартар мешаванд. Даҳшату ваҳшати шоҳони қатағанӣ, ки баъди Кундузи Афғонистон бахши азими Бадахшонро низ ишғол карда буданд, даҳҳо бор бадтару фоҷеабортар аз зулми амирони манғит аст.
Қисми аввали роман бо корномаи паҳлавон Ҷаҳонгир ба поён мерасад. Муаллиф талош кардааст, пеш аз хатми қисми аввал ба хонанда набераи ин паҳлавони ба нерӯ Рустами замон - Мирзоазизро шиносонад. Бо марги Ҷаҳонгир як давраи томи корномаҳои бадахшониён дар муборизаашон зидди беадолатиҳои туркҳои қатаған ба поён мерасад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста