Дирӯз, 3-юми сентябр, дар Кохи “Суруш” ба муносибати 70-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб маҳфили эҷодӣ таҳти унвони “Меҳри ватан” баргузор гардид. Дар маҳфил аҳли фарҳангу зиё ва ҳаводорони шеър ҳузур доштанд.
Маҳфил бо намоиши филми мустанаде, ки пиромуни рӯзгору эҷоди Муҳаммад Ғоиб таҳия гардида буд, оғоз гардид.
Муҳаммад Ғоибро масъулини ниҳодҳои давлатӣ ва Иттифоқи нависандагони кишвар табрик гуфтанд.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим таъкид кард, ки Муҳаммад Ғоиб на танҳо шоири халқии Тоҷикистон, ҳамчунин нависанда ва драманависи халқии Тоҷикистон аст.
“Драмаҳои ӯ ҳам хонданбобанду ҳам диданбоб. Дар рушди театр ва суруду мусиқии мо саҳми устод Муҳаммад Ғоиб бесобиқа аст”,- шарҳ дод ӯ. Ҳамчунин гуфт, дар Иттифоқи нависандагон низ маҳфили адабии Муҳаммад Ғоиб доир хоҳад шуд.
Низом Қосим таманниёти худро бо байти зерин ҷамъбаст кард:
Муҳаммад дар дилам баҳри ту доим як таманно ҳаст,
Муҳаммад бошиву ғоиб набошӣ то ки дунё ҳаст.
Дар ҷараёни маҳфил шеърҳои Муҳаммад Ғоиб, ки оҳанги ватандӯстона доранд, аз ҷониби ҳунармандони маъруфи кишвар Абдулмуъмин Шарифӣ, Ортиқи Қодир, Фирӯз Умаров қироат гардиданд.
Ҳамчунин ҳофизони шинохтаи кишвар аз ашъори шоир чанд тарона суруданд.
Муҳаммад Ғоибро бештари хонандагон чун шоири ашъори ғиноӣ ва таронаҳои дилраси ватандориву ошиқона мешиносанд. Ӯ яке аз муваффақтарин эҷодкоронест, ки бо осори равону хушоҳангаш дар арсаи адабиёт мавқеи хешро пайдо кардааст. Заҳматҳои Муҳаммад Ғоиб бо Ордени Шараф, унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷоизаи байналмилалии ба номи Чингиз Айтматов қадр гардидааст.
Муҳаммад Ғоиб соли 1954 дар деҳаи Тутзор ба дунё омад. Ӯ аз дидори падар дар думоҳагӣ маҳрум монд ва дар пайдо гардидани шавқу ҳавас ба шеър модарашро сабабгори асосӣ медонад. Дар кӯдакӣ бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ, чун математикаву физика ва химия шавқ дошт ва мехост муҳандис шавад.
“Баъдтар эҳсоси талху ширини кӯдакиям, ки аз доғи ятимӣ рӯ зада буд, водорам намуд, ки мушоҳидаву андешаҳоямро дар намуди шеъру қиссаву достон рӯйи коғаз биёрам. Дар ҳамон айём, ки чандин шеърам чоп шуда буд, мефаҳмидам, ки оқибат роҳам дигар мешавад. Медонистам, ки барои хотираҳои пуралами ман, ғаму дарди ятимӣ ва кӯдакии пуразобам аз ҷадвали ҳисоб ададе пайдо намешавад ва рақамҳои ҳаётам дар ин ҷадвал намеғунҷанд. Ин бори гаронро ғайри дӯши сухан дӯши ягон илму фан бардошта наметавонист”, - шарҳ дод Муҳаммад Ғоиб.
Маҳфили эҷодии шоир бо қироати порчаҳои маъруфи шеърҳои ӯ аз ҷониби худи Муҳаммад Ғоиб ҷамъбаст гардид.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста