2 cентябри соли 2024, мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ донишҷӯёни соли 2029-ро бо маросими занги анъанавӣ, ки ҳамзамон дар кампусҳои истиқоматии худ дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон ва шаҳри Нарини Қирғизистон баргузор гардид, истиқбол гирифт. Ин анъана дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ саҳифаи навро барои донишҷӯёни дохилшуда оғоз мекунад, ки садои занг рамзи ҷустуҷӯи дониш ва саёҳати муштарак ба ояндаро ифода мекунад.

Имсол Донишгоҳи Осиёи Марказӣ 91 донишҷӯи навро қабул намуд, ки дар риштаҳои илмҳои компютерӣ, иртибот ва ВАО, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳифзи муҳит ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ таҳсил хоҳанд кард.

Доктор Шамш Кассим-Лакҳа, раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ зимни суханронии худ тариқи онлайн донишҷӯёни нав ва кунуниро самимона истиқбол кард.


Ӯ дар суханронии худ дидгоҳи Волоҳазрат Оқохон Канслери Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Ҳомиён - Муассисони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ президентҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ба як донишгоҳи тадқиқотӣ табдил додани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ таъкид намуд. Ӯ донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳро ташвиқ кард, ки “кунҷков бошанд ва дар эҷоди донишҳои нав саҳм гузоранд”.

Профессор Кристофер Герри, ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз донишҷӯён даъват намуд, ки таҳсили худро ҳамчун “сӯҳбати давомдор байни ҳамсолон ва ҳамкурсон, донишҷӯёни курсҳои поён ва боло, омӯзгорон ва инчунин байни донишгоҳ ва ҷомеа” тасаввур кунанд, ки ҳаёти дар пешистодаи онҳоро ташаккул медиҳад. Профессор Герри ба омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои “садоқати доимӣ ба таълим, таҳқиқот ва хидматрасонӣ ва мусоидат намудан дар табдил додани Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба маконе, ки дар он навоварӣ ва кашфиёт метавонанд рушд кунанд”, изҳори сипос намуд.


Доктор Максим Хомяков, декани Мактаби илмҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз донишҷӯён хоҳиш кард, ки дар роҳи азхудкунии дониш “кушода, пазирои интиқод ва омода ба ҳамкорӣ” бошанд ва ба онҳо хотиррасон намуд, ки дониш “маҳсули талошҳои дастаҷамъӣ” аст. Муовинони декан доктор Холиқназар Кучакшоев ва доктор Элмира Кучумқулова ба маросим ҳамроҳ шуда, донишҷӯёни соли 2029-ро расман муаррифӣ намуданд.

Дар маросим чанд нафар аз шахсони олимақоми давлатӣ иштирок намуданд, аз ҷумла Шабдан Абдраим уулу, муовини раиси вилояти Нарин, ки ҳозиринро дар кампуси Нарини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ пазироӣ намуд. Вай аз кӯшишҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар таъмини таҳсилоти босифат барои ҷавонони Нарин ва минтақа ва инчунин барои сармоягузории назаррасе, ки ба рушди маҳаллӣ мусоидат мекунанд, изҳори сипос кард.


Дигар меҳмонони олиқадри кампуси Нарин Қанболот Тутуев, раиси шаҳри Нарин ва Автандил Молдосалиев, раиси Шӯрои шаҳри Нарин низ дар маросим иштирок намуданд.

Ҷаноби Тимоти Маршалл Ҷонс сафири Британия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Хоруғ қарор дошт, дар ин маросим дар кампуси Хоруғ бо суханрониаш ба донишҷӯён муроҷиат кард.


Дар маросим ҳамчунин раисони Ассотсиатсияҳои донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Набила Набил дар кампуси Нарин ва Аноятшо Мирзоҷонов дар кампуси Хоруғ бо суханрониҳои рӯҳбаландкунанда баромад намуданд. Онҳо ба донишҷӯёни дохилшуда муроҷиат намуданд, ки ба ҳаёти кампус пурра ворид шаванд ва арзишҳои донишгоҳро бипазиранд. Онҳо инчунин аҳамияти эҷоди робитаҳои қавиро бо ҳамсолон, омӯзгорон ва ҷомеаи васеи кампусҳо қайд намуданд ва донишҷӯёнро даъват карданд, ки дар рӯҳияи фаъол ва фарогир, ки Донишгоҳи Осиёи Маркази муайян мекунад, саҳм гузоранд.

Дар доираи маросим ​​донишҷӯёни соли 2029 имзоҳои худро дар Китоби мерос гузошта, анъанаеро идома доданд, ки онҳоро бо донишҷӯёни соли қаблӣ мепайвандад. Ҳар яки онҳо инчунин ба худашон номаҳо навишта, дар капсулаи Вақт гузошта, мӯҳр карданд, ки он ҳангоми хатми донишгоҳ кушода мешавад.