Ба ифтихори 100-солагии адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Соҳиб Табаров дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) Стипендия ба номи Соҳиб Табаров таъсис дода шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби факултаи филологияи тоҷики ДМТ пешниҳод гардида, 4-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ қабул шуд.
Декани факултети филологияи тоҷики ДМТ Сироҷиддини Эмомалӣ гуфт, ин иқдом аз амри роҳбари давлат дар бораи таҷлили садсолагии адабиётшинос, мунаққид, публисист ва олими шинохтаи тоҷик Соҳиб Табаров сарчашма мегирад. Ин иқдом барои пос доштани хотираи ӯ ва абадӣ гардонидани номи ӯст, ки дар нақди адабӣ саҳми бориз дорад.
Стипендияи ба номи Соҳиб Табаров ба донишҷӯёне тақдим мегардад, ки бо баҳои аъло таҳсил мекунанду дар нақди адабӣ таҳқиқе анҷом медиҳанд.
Сироҷиддинзода гуфт, дар факултаҳои гуногун ба номи шахсиятҳои намоёни он соҳа стипендияҳо таъсис дода шудаанд, аз ҷумла дар факултети филология ба номи устод Айнӣ, Турсунзода ва дар факултети журналистика ба номи Лоҳутӣ стипендия мавҷуд аст, ки стипендияи ба номи соҳиб Табаров низ дар ҳамин ришта таъсис ёфт.
Маблағи ин стипендия соли охир 545 сомониро ташкил медод. Имсол бо назардошти 40 дарсад зиёд шудани он 745 сомонӣ барои як моҳ мебошад.
Соҳиб Табаров аз ҷумлаи олимону донишмандонест, ки дар рушду инкишофи илми адабиётшиносӣ, хусусан нақди адабӣ саҳм гузоштааст. Ӯ зиёда аз 35 сол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмиву таълимӣ дошт.
Соли 2021 дар вилояти Хатлон низ ба номи донишманди шинохта Соҳиб Табаров дар бахши нақди адабӣ ҷоиза таъсис дода шуд.
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста