Дар шабакаҳои иҷтимоӣ як гурӯҳи мардум шикоят карданд, ки ба онҳо китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки мебоист ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим гардад, ҳанӯз дастрас нагардидааст.
Аз ҳукумати шаҳри Душанбе пурсидем, ки нафароне, ки мехоҳанд китобро дастрас кунанд, ба куҷо муроҷиат кунанд.
Аз раёсати коргузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе гуфтанд, масъули тақсими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур буда, ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо барои тақсими китоб ба аҳолии кишвар муваззаф шуда буданд. Нафароне, ки ҳанӯз китобро нагирифтаанд, метавонанд ба ҳукумати ноҳияи худ муроҷиат намуда, китобро дастрас кунанд. Дар ҳукумати шаҳру ноҳияҳо феҳристи махсус мавҷуд буда, нафароне, ки китобро дастрас мекунанд, бо имзои худ тасдиқ мекунанд.
6-уми феврали соли 2020 амри Сарвари давлат дар бораи чопи марҳила ба марҳилаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва тӯҳфа гардидани он ба ҳар як хонаводаи тоҷик то ҷашни 30-солагии Истиқлолият имзо шуд.
Аз ҷониби “Нашриёти муосир” 1 миллиону 600 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон” нашр шуд ва тақсими он моҳи декабри соли 2020 аз ноҳияи Ванҷи ВМКБ оғоз гардид.
Бояд гуфт, ин иқдом бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик роҳандозӣ гардида, дар партави он соли 2023 озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” низ баргузор гардид.
Ёдрас мешавем, 5 декабри соли 2023 ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш амри дигари раисҷумҳур дар бораи нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас гардидани «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ содир шуд.